Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси

Адабиёт

ФОТЕҲ НИЁЗӢ

19-04-2019 12:32

Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ 18-уми апрели соли 1914 дар Самарқанд таваллуд шудааст.. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1970), Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941 - 1945) аст. Омӯзишгоҳи педагогӣ (1929) ва шӯъбаи шабонаи Институти педагогии Тошкандро (1950) хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиаш аз ибтидои солҳои 30 аз кори идораи рӯзномаҳои "Ленин йули" ва "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (ҳар ду дар Самарқанд) оғоз шудааст. Соли 1934 Ниёзӣ ба Сталинобод омад. Аввал дар "Бораи маорифи коммунистӣ" ("Газетаи муаллимон") баъд дар "Тоҷикистони Сурх" котиби масъул буд. Декабри 1941 ихтиёран ба фронт рафт. Солҳои ҷанг пропагандист, муҳаррири масъули газетаи "За родину!" ("Барои Ватан!"), ҷонишини муҳаррири газетаи "Красноармейская правда" ("Ҳақиқати Армияи сурх") буд.

 

Садриддин Айнӣ

12-04-2019 15:23

Сардафтари адабиёти навини тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ӯзбекистон - Ордени "Буюк хизматлари учун" ва Қаҳрамони миллии Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ 15-уми апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Ғиждувони Бухоро ба дунё омадааст. Фарзандаш ховаршиноси барҷастаи Тоҷикистон Айнӣ Камол. Падараш Саидмуродхоҷа кишоварз буд, аммо чун худ соҳиби хату савод буд, кӯшиш мекард, ки фарзандонаш низ донишомӯхтаву донишманд бошанд. Аз ин рӯ, писараш Садриддин Айниро дар шашсолагӣ ба мадрасаи деҳаашон дод. Устод Айнӣ донишомӯзияшро дар он мадраса дар достони "Мактаби кӯҳна" тасвир карда ва дар "Ёддоштҳо" мегӯяд: "Чунон ки падарам дид, дар он мактаб ман саводи амиқ гирифта натавонистам ва маро ба мактаби духтарона дод". Дар мактаби духтарона Садриддин чанд ҷузъ аз Бедил ва чанд ҷузъ аз ғазалиёти Соибро хонда, дар даҳсолагӣ мактабро хатм мекунад. Аммо бачагии Садриддин Айнӣ дар оғӯши падару модар дер давом накард. Вабое, ки соли 1889 Бухоро ва атрофи онро фаро гирифт, дар чиҳил рӯз ӯро ҳам аз падар ва ҳам аз модар ҷудо кард.

 

НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

05-04-2019 15:13

Яке аз аберагони пири тариқати нақшбандӣ Ҳазрати Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ, ки равзаи покаш дар ноҳияи мост, Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) 28-уми марти соли 1865 таваллуд ёфтааст.

 

ҲАСАН ИРФОН – УСТОДИ МОЁН

22-03-2019 14:32

Ҳар сол рӯзи 22-юми март мавлуди тарҷумони моҳир ва адиби тавонои адабиёти Шарқ устод Ҳасан Ирфон (Мамадхонов) ҷашн гирифта мешавад.

 

ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ

15-03-2019 13:10

Пайрав Сулаймонӣ 15 -уми апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст.

 

МАҲБУБИ ДИЛҲО

08-03-2019 12:01

Шоираи хушбаён ва нависандаи хуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода 7-уми феврали соли 1949 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

 

ГУЛХАНИ МЕҲР

15-02-2019 13:48

Бо чунин ном китоби навбатии шоири маҳбуби самарқандиён, собиқадори маорифи халқ Ҳусейн Рашидӣ ба дасти ҳаводорони шеъру адаб расид.

 

БОБУР ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

15-02-2019 12:15

Аз таърих маълум аст, ки дар замини Шарқ даҳҳо алломаҳои бузург ва симоҳои барҷаста ба воя расида, дар тамаддуни ҷаҳон ва тараққиёти адабиёту санъат ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Дар бораи Мирзо Бобур, ки дар таърихи Ҳинд то абад боқӣ мондааст, Ҷавоҳирлаъл Неҳру чунин менигорад: "Бобур аз ашхоси маълуми олам буда, ниҳоят маданиятнок ва дилбар аст". Умуман, дар таърих на ҳар ҳукмдор кишвари бегонаро истилоъ намуда, дар он ҳукмронӣ карда, аз худ ба ҷаҳониён хотироти наҷиб гузоштааст.

 

ҚОФИЛАСОЛОРИ ШЕЪРИЯТИ ӮЗБЕК

08-02-2019 11:35

Шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ Алишер Навоӣ (Низомуддин Мир Алишер) 9 -уми феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳироти Афғонистони кунунӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст.

 

Болта ОРТИҚЗОДА

01-02-2019 14:51

ё худ донишманди дунёи пиру барно

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи маданияти Тоҷикистон, нависандаи тавоно Болта Ортиқзода 5-уми майи соли 1924 дар гузари Қири деҳкадаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

 
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку