Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҚОФИЛАСОЛОРИ ШЕЪРИЯТИ ӮЗБЕК

Шоир ва мутафаккир, асосгузори адабиёти классикии ӯзбек, ходими давлатӣ Алишер Навоӣ (Низомуддин Мир Алишер) 9 -уми феврали соли 1441 дар шаҳри Ҳироти Афғонистони кунунӣ таваллуд ёфтааст. Ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст.

Падари Навоӣ Ғиёсуддин аз амалдорони дарбори Абулқосим Бобур (солҳои ҳукмрониаш 1449-1457) буд. Ӯ ба адабиёт шавқи зиёд дошт ва бо аҳли завқ сӯҳбатҳо меорост. Модараш аслан аз Кобул буда, дар хонадони Темуриён дояи кӯдакони онҳо будааст. Навоиро дар чорсолагӣ ба мактаб ниҳоданд. Вай бо ҳокими ояндаи Хуросон Ҳусайни Бойқаро (солҳои ҳукмрониаш 1470-1506) дар як ҷо тарбия гирифтааст. Дар мактаб ба Навоӣ мувофиқи анъанаи он замон, бар замми хату савод ва заруриёти динӣ, асарҳои "Бӯстон" ва "Гулистон"-и Саъдӣ, инчунин "Мантиқ-ут-тайр"-и Атторро низ таълим додаанд. Аз гуфтаи худи Навоӣ бармеояд, ки таҳсили расмии ӯ бо забони туркӣ ва арабӣ гузаштааст. Аммо таҳсили Навоӣ дар Ҳирот дер давом накард. Баъди вафоти Шоҳрух (солҳои ҳукмрониаш 1409-1447) байни авлодони Темур (солҳои ҳукмрониаш 1370-1405) барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунде cap шуд ва падари Навоӣ аз ин низоъҳо ба танг омада, маҷбуран бо оилаи худ ба тарафи Ироқ фирор кард ва муддате дар шаҳрҳои Тафт ва Шероз зиста, соли 1452 боз ба Ҳирот баргашт ва бо фармони Бобур ҳокими Сабзавор таъин шуд. Дар тӯли ин муҳоҷират Навоӣ таҳсили илмро давом дода, дар баробари улуми расмӣ аз Хоҷа Юсуфи Бурбон илми мусиқиро омӯхт. Дар синни 12-солагӣ аз падар маҳрум гашт. Ӯро Бобур ба тарбияи худ гирифта, соли 1457 ба Машҳад бурд. Навоӣ дар Машҳад низ ҳамроҳи Ҳусайни Бойқаро дониши худро дар соҳаи фалсафа, мантиқ, риёзиёт ва адабиёт такмил дода, бо шоирони номӣ Сайид Ҳасани Ардашер, Камоли Турбатӣ вохӯрд. Фаъолияти эҷодии Навоӣ дар синни 10 то 12 - солагиаш оғоз ёфтааст. Дар 15 - солагӣ ӯро чун шоири зуллисонайн шинохтанд (чунки ӯ дар осори ӯзбекии худ бо тахаллуси "Навоӣ" ва дар ашъори тоҷикиаш бо тахаллуси "Фонӣ" шеъру асарҳо эҷод кардааст). Навоӣ соли 1464 ба Ҳирот баргашта, аз Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ илми қофияро таълим гирифт. Аммо зиндагии Навоӣ дар Ҳирот дер напоид, ҳокими нави Хуросон Абу Саид (1454 - 1469) ӯро аз мухолифони худ дониста, молу мулкашро мусодира карда, соли 1466 ба Самарқанд бадарға намуд. Навоӣ дар Самарқанд бо олимону адибон ва намояндагони аҳли санъати он ҷо шиносоӣ пайдо кард. Ҳокими Самарқанд, ки бо тахаллуси "Вафоӣ" шеър мегуфт, Hавоиро дастгирӣ намуд. Навоӣ дар ин шаҳр омӯхтани назарияи адабиётро ҷиддан давом дода, илми фиқҳро аз Фазлуллоҳ Абулайс таълим гирифт. Ӯ бо Амир Шайхами Суҳайлӣ вохӯрда, ҳар ду дӯстони ҷонӣ шуданд. Дар Самарқанд Навоӣ аз ҷиҳати моддӣ тангӣ кашида бошад ҳам, аз ҷиҳати дониш ва касби шоирӣ хеле камол ёфт. Соли 1479 дар Ҳирот Ҳусайни Бойқаро ба сари ҳокимият омад ва Навоиро ба дарбор даъват кард. Навоӣ таҳсилашро дар Самарқанд қатъ намуда, ба Ҳирот баргашт ва ба муносибати Иди Рамазон дар мадҳи Ҳусайни Бойқаро бо радифи "Ҳилол" қасидае навишта, аз муқаррабони султон гардид. Соли 1469 аввал мӯҳрдори давлат таъин гардид ва баъдтар (1472) вазифаи вазир ва унвони амирро соҳиб шуд. Вале кашмакашу низоъ ва хабаркашиву ҳасадбарии аҳли дарбор Навоиро ба танг оварданд. Ӯ соли 1476 аз хидмати давлатӣ даст кашид ва соли 1477 Ҷомиро пир баргузида, вориди фирқаи Нақшбандия гардид. Вале соли 1479 ӯро маҷбуран ҳокими Ҳирот таъин карданд. Навоӣ бо тарзи давлатдории Ҳусайни Бойқаро, ки аксар вақти худро ба айшу нӯш сарф мекард, розӣ набуд ва пеши онро гирифтанӣ мешуд. Аз ин рӯ, султон бо мақсади аз пойтахт дур кардан ӯро зимистони соли 1487 ҳокими яке аз вилоятҳои дурдаст - Астаробод таъин кард. Навоӣ соли 1489 ба Ҳирот баргашт ва робитаашро аз дарбор канда, то охири умр ба таълифу тасниф машҳур шуд. Навоӣ самараи фаъолияти сиёсӣ, илмӣ ва адабии худро сарфи ободонин мамлакат, сохтмони биноҳои хайрия ва осоишу пешрафти мардум карда буд. Ҷасади Алишер Навоӣ 3-юми январи соли 1501 дар Ҳирот ба хок супорида шудааст. Шукр, корнома ва эҷодиёти ӯ поянда аст.
Хазинаи бузурги Навоии Фонӣ иборат аз достону ғазал ба шоҳкориҳои адабии ҷаҳониён табдил ёфта, дар ин бора ҳарфи зиёд гуфтан нашояд.

Таснифи
О.ҲАМИДЗОДА

Ғазал

Мир Алишери НАВОӢ (ФОНӢ)

Эй хоки сари кӯи ту гаштан ҳаваси мо,
Бар пои сагат бӯса задан мултамаси мо.
Гар дам задани мо бувад аз меҳри ту чун субҳ,
Сад шом сияҳрӯз шавад аз нафаси мо.
Дар бодияи шавқи ту чун роҳила бандем,
Зикри малак ояд зи фиғони ҷараси мо.
Бо неши ғаму ҷисми заиф оҳ барорем,
Сӯят магар ин бод барад хору хаси мо.
Бечорагии мо ҳаваси чорагарон шуд,
То ту шудӣ аз лутфу карам чорараси мо.
Ҳар кас, ки зи афтодагӣ орад ба касе рӯй,
Мо рӯ ба кӣ орем, туӣ чунки каси мо?!
Фонисифатам, рӯҳ кунад сӯи ту парвоз,
Эй, аз шакаристони ту қути магаси мо.


Дата добавления: 08/02/2019 11:35;   Просмотров: 885
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку