Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАҲБУБИ ДИЛҲО

Шоираи хушбаён ва нависандаи хуби бачаҳо Маҳбуба Неъматзода 7-уми феврали соли 1949 дар шаҳри Душанбе дар оилаи коргар ба дунё омадааст.

Падараш Яҳё Неъматзода ва модараш Марям Азизӣ таҳсилоти олӣ надоштанд, вале инсонҳои шеърдӯсту китобхон буданд.
Азбаски дар солҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ имкони таҳсил барояшон фароҳам набуд, онҳо орзу мекарданд, ки фарзандҳояшон соҳиби таҳсилоти олӣ гарданд. Аз нӯҳ фарзанди ин падару модари меҳрубону парҳезгор ҳафт нафар дар донишгоҳҳои кишвар таҳсили илм намуда, чанде аз онҳо машҳури диёр гардиданд.
Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, меъмори соҳибзавқу варзида Музаффар Неъматзода ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, сарояндаи хушовоз Баҳодур Неъматзода аз фарзандони номдор ва обрӯманди ин оила ҳастанд.
Маҳбуба Неъматзода модаркалони қиссагӯй, зиндадилу хандонрӯи худ Мастурабонуи бухороиро доимо ба ёд меорад.
Маҳбуба Неъматзода соли 1966 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 15-и шаҳри Душанбе, бо тавсияи устодон таҳсилро дар шӯъбаи рӯзноманигории факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон идома дод. Соли 1971 донишгоҳро бо баҳои хубу аъло ба итмом расонда, дар идораи рӯзномаи дӯстдоштаи худ "Пионери Тоҷикистон" ба кор шурӯъ кард.
Пас аз ҳашт соли фаъолият дар рӯзномаи мазкур соли 1978 Маҳбуба Неъматзодаро мудири шӯъбаи маҷаллаи "Занони Тоҷикистон" (ҳоло "Фирӯза") таъин намуданд. Фаъолияти ӯ дар ин маҷалла то соли 1983 идома ёфт, зеро ҳамон сол Маҳбуба Неъматзода ҳамроҳи ҳамсараш Ҳазрат Сабоҳӣ–олим ва тарҷумони варзида ба кишвари Афғонистон сафар кард.
Баъди сафари Афғонистон, ки он чор сол тӯл кашид, Маҳбуба боз ба идораи рӯзномаи барояш хеле азиз "Пионери Тоҷикистон" баргашт.
Соли 1990 М.Неъматзода дар идораи маҷаллаи "Чашма" вазифаи мудири шӯъбаи назму насрро ба ӯҳда гирифт.
Соли 1996 рӯзномаи вилоятии "Овози Самарқанд" ва рӯзномаи шаҳрии "Самарқанд" Маҳбуба Неъматзода ва ҳамсари ӯ шоир ва олим Ҳазрат Сабоҳиро ба кор даъват намуданд.
Маҳбуба Неъматзода дар ҷараёни кор дар рӯзномаи "Самарқанд" (1996-2000) аз ҳаёти занон як силсила ҳикояву ҳаҷвия, лавҳаю мақолаҳои ҷолибу шавқангез навишт, ки онҳо дар саҳифаҳои нашрияҳои "Самарқанд", "Овози Самарқанд", "Оина" ва "Овози тоҷик" чоп шуданд ва ӯ дар миёни тоҷикони кишвари ҳамсоя низ маъруф гардид.
Нахустин китоби Маҳбуба барои бачаҳо "Борони баҳорӣ" ном дошт, ки нашриёти "Маориф"-и Тоҷикистон соли 1980 аз чоп бароварда буд. Соли 1990 нашриёти "Адиб" китоби дигари ӯро бо номи "Духтари заргар" ба хонандагон манзур кард.
Соли 1997 нашриёти "Суғдиён" (ш.Самарқанд) китоби "Меҳрубон", соли 1998 нашриёти "Самарқанд" китоби "Таваллудат муборак", соли 2000 нашриёти "Зарафшон" китоби "Бонуи Бобо"-ро мунташир намуд, ки барои бачаҳои вилоятҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон - муштоқони китоби тоҷикӣ тӯҳфаи бебаҳои шоира буд.
Дар солҳои 1991 - 2000 мактабҳои тоҷикии вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Намангон, Фарғона, Тошканд, Ҷиззах, Навоӣ, Сирдарё, Қашқадарё ва Сурхандарёи Ӯзбекистон ба китобҳои дарсӣ ва адабиёти бадеӣ дастрасӣ надоштанд.
Шогирдони мактабҳои тоҷикии Самарқанд ва вилоятҳои дигар китобҳои "Меҳрубон", "Таваллудат муборак" ва "Бонуи бобо", "Модари ҷон, модарам"- и Маҳбуба Неъматзодаро, ки аз шеъру афсонаву ҳикояҳои латиф, тезгӯяку чистонҳои равон иборат буд, бо ташнагӣ пазируфтанд.
Соли 2006 нашриёти "Истиқбол" (ш.Душанбе) китоби шашуми ашъори ӯро бо номи "Гиря кунам ё ки на?" ба табъ расонд.
Маҳбуба эҷодкорест, ки ба сайру саёҳат рағбати беандоза дорад. Солҳои кор дар рӯзномаву маҷаллаҳо ӯ аз Зарафшон то Бадахшон қариб аз тамоми шаҳру ноҳияҳои хушманзари Тоҷикистон дидан кард. Баъдтар ба кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия, Олмон, Покистон, Афғонистон ва Эрон сафар кард.
Маҳбуба Неъматзода аз соли 1978 узви Иттифоқи журналистон ва аз соли 1998 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
Ба Маҳбуба Неъматзода саломатӣ ва комёбии эҷодӣ таманно дорем.

Садрӣ САЪДӢ,
Доктори илми адабиёт, профессори Донишгоҳи
давлатии Самарқанд


Дата добавления: 08/03/2019 12:01;   Просмотров: 943
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку