Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФОТЕҲ НИЁЗӢ

Нависандаи халқии Тоҷикистон Фотеҳ Ниёзӣ 18-уми апрели соли 1914 дар Самарқанд таваллуд шудааст.. Ходими Хизматнишондодаи Маданияти РСС Тоҷикистон (1970), Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941 - 1945) аст. Омӯзишгоҳи педагогӣ (1929) ва шӯъбаи шабонаи Институти педагогии Тошкандро (1950) хатм намуд. Фаъолияти меҳнатиаш аз ибтидои солҳои 30 аз кори идораи рӯзномаҳои "Ленин йули" ва "Ҳақиқати Ӯзбекистон" (ҳар ду дар Самарқанд) оғоз шудааст. Соли 1934 Ниёзӣ ба Сталинобод омад. Аввал дар "Бораи маорифи коммунистӣ" ("Газетаи муаллимон") баъд дар "Тоҷикистони Сурх" котиби масъул буд. Декабри 1941 ихтиёран ба фронт рафт. Солҳои ҷанг пропагандист, муҳаррири масъули газетаи "За родину!" ("Барои Ватан!"), ҷонишини муҳаррири газетаи "Красноармейская правда" ("Ҳақиқати Армияи сурх") буд.

Баъди ҷанг ба сифати ҷонишини муҳаррири газетаи округи ҳарбии Туркистон - "Фрунзевец" ("Фрунзечӣ") кор кард. Пас аз соли 1950 баъди бозгашт аз хизмати ҳарбӣ, бо корҳои эҷодӣ ва маъмурӣ машғул гардид: солҳои 1950-1952 котиби масъул, 1952-1959 муҳаррири журнали "Шарқи сурх", 1953-1968 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон, 1968-1970 ҷонишини раиси Комитети давлатии Совети Вазирони РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, 1970-1978 котиби Правленияи ИН Тоҷикистон буд.
Ниёзӣ фаъолияти эҷодии худро аз навиштани шеърҳо ба забони ӯзбекӣ cap кардааст. Нахустин шеърҳояш дар саҳифаҳои газетаҳои вилоятии Самарқанд ва газетаи республикавӣ - "Ёш ленинчи" ва "Ленин йули" чоп шудаанд. Се маҷмӯаи ашъори ӯзбекиаш: "Маяк" (1933), "Бу куннинг ғазали" ("Ғазали имрӯз", 1938), "Севги" ("Муҳаббат", 1940) ба табъ расидааст. Эҷодиёти тоҷикии Ниёзӣ дар ибтидои солҳои 30 оғоз ёфтааст ва ӯ асосан асарҳои насрӣ менависад. Маҳсули адабии ӯ дар солҳои ҷанг маҷмӯаи очерку ҳикояҳои "Интиқоми тоҷик" (1947) аст, ки аксари онҳо дар майдони ҳарб эҷод шудаанд ва қаҳрамононашон худи ҷанговаронанд. Аввалин романи Ниёзӣ "Вафо" (ҷ. 1, 1949, ҷ, 2, 1958), ки дар он ҷонбозиҳои халқ дар фронт, меҳнати фидокоронаи колхозчиён дар ақибгоҳ тасвир шудааст, ба нависанда шӯҳрат овард. Ин роман соли 1977 дар солонаи Рӯзи Ғалабаи халқи советӣ бар фашизм сазовори мукофоти умумииттифоқии адабии ба номи Александр Фадеев гардидааст.
Повести "Духтари ҳамсоя" (1955) дар эҷодиёти нависанда мавқеи хос дорад. Повести мазкур масъалаи озодии занонро дарбар мегирад. Асари дигари Ниёзӣ - "Ҳиссае аз қиссаҳои ҷанг" (1962), ки аз силсилаи ҳикояҳо фароҳам омадааст, асосан хусусияти ёддоштӣ дошта, қаҳрамонии ҷанговаронро инъикос менамояд.
Ҳикояву очеркҳои маҷмӯаи "Дирӯз, имрӯз, фардо" (1964) дар мавзӯъҳои айёми мо эҷод шудаанд. Соли 1974 романи нави Ниёзӣ - "Ҳар беша гумон мабар, ки холист" (Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, 1977) аз чоп баромад. Ба қалами Ниёзӣ инчунин песаҳои "Ватандӯстон" (1938, ҳамроҳи Самад Ғанӣ), "Кӯпрук" (1969), киносенарияҳои "Духтари саввум" (аз рӯи повести "Духтари ҳамсоя", ҳамроҳи И. Филимонова), "Корубори оилаи Гаюровҳо" (1975, ҳамроҳи А. Стругатский) тааллуқ доранд. Чанд асари бадеӣ, аз ҷумла романи нависандаи румин М. Садовяну "Митре Кокор" ва романҳои нависандаи ӯзбек Ш. Рашидов "Ғолибон" ва "Зӯртар аз бӯрон"-ро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст. Ниёзӣ аъзои Комиссияи марказии адабиёти ҳарбии бадеии ИН СССР, аъзои Правленияи нашриёти "Советский писатель", аъзои Правленияи фонди адабии СССР мебошад. Аз соли 1938 узви ИН СССР, аз соли 1952 аъзои Правленияи ИН Тоҷикистон ва президиуми он мебошад. Бо ду ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени "Нишони Фахрӣ", ёздаҳ медали ҷангӣ ва меҳнатӣ ва се ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Фотеҳ Ниёзӣ 1-уми сентябри соли 1991 дар Душанбе вафот кардааст.


Последнее редактирование: 19/04/2019 12:33;   Просмотров: 1071
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку