Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

БОБУР ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Аз таърих маълум аст, ки дар замини Шарқ даҳҳо алломаҳои бузург ва симоҳои барҷаста ба воя расида, дар тамаддуни ҷаҳон ва тараққиёти адабиёту санъат ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд. Дар бораи Мирзо Бобур, ки дар таърихи Ҳинд то абад боқӣ мондааст, Ҷавоҳирлаъл Неҳру чунин менигорад: "Бобур аз ашхоси маълуми олам буда, ниҳоят маданиятнок ва дилбар аст". Умуман, дар таърих на ҳар ҳукмдор кишвари бегонаро истилоъ намуда, дар он ҳукмронӣ карда, аз худ ба ҷаҳониён хотироти наҷиб гузоштааст.

Заҳириддин Муҳаммад Бобур (1483-1530) яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёт ва сиёсатмадори асри XVI буда бо осори адабӣ ва илмии худ ганҷинаи адабиётро боз ҳам ғанитар гардонда, номи ӯ ҳамчун ҳукмдор на фақат дар таърихи Мовароуннаҳру Ҳиндустон, балки дар таърихи ҷаҳон боқӣ мондааст. Дар тадқиқоти "Бобур ва Ҳиндустон"-и муаррих ва тарҷимони англис Уилям Эрскин фикрҳои зерин оварда шудааст: "Бобур яке аз он ҳукмдоронест, ки ба тахти мамлакатҳои Шарқ зебанда аст. Шахсияти ӯ аз фазилатҳои олиҷаноби инсонӣ ва мансуби шоҳи кабир таркиб ёфтааст. Ӯ ҷасур, тадбирандеш ва сарлашкари ботаҷрибае буд ва одамонро аз паи худ бурда метавонист... Ӯ соҳиби қудрати бузург буда, таҷриба доираи тасаввуроташро васеъ мегардонд ва аз паи шӯҳрати дигарон нашуда, мехост бо нерӯи худ шӯҳратёр гардад".
Агар ба фаъолияти ҳукмронии Мирзо Бобур эътибор диҳем, соли 1495 ба пойтахти салтанати Амир Темур - Самарқанд ҳаракат мекунад. Дар ин давр дар Самарқанд аз сулолаи темуриён Султон Алӣ Мирзо ҳукмрон буд. Бобур вақте ки Самарқандро иҳота мекунад, Султон Алӣ Мирзо таклифи бастани сулҳро ба миён мегузорад. Бобур, ки тарафдори ҳаёти осуда буд, барои сулҳ бастан розӣ мешавад. Аммо дар муддати кӯтоҳ Бойсанқур Мирзо Самарқандро ба даст мегирад. Соли 1492 Бобур бо лашкари худ ба сӯи Самарқанд боз юриш карда, Самарқандро ҳафт моҳ ба иҳота мегирад ва оқибат Бойсанқур Мирзо таслим шуда, аз шаҳр баромада меравад. Аз ин низою кашмакашҳои зиёд халқ низ ба танг меояд ва дар ин ҳолат Бобур халқро бо хӯрокворӣ ва либос таъмин мекунад. Ин ҳолат ба бекҳо, ки аз пушти ҷангу ҷидол ва низоъҳо фоидахӯр буданд, маъқул намегардад. Ва онҳо паи ҳам ба Бобур хиёнат мекунанд. Аз тарафи дигар, Муҳаммад Шайбонихон Бухоро, сонитар Самарқандро ба даст мегирад ва Бобур маҷбур мешавад, ки диёри худро тарк намуда, ба сӯи Бадахшон ва Кобул рӯ оварад. Ӯ лашкари парокандаи ҳокими Бадахшон ва Қундузро ба даст гирифта, лашкари ҳокими Кобулро шикаст медиҳад ва ба тахти подшоҳӣ мешинад. Шаҳрҳо ва вилоятҳои дигарро аз паи якдигар ба тасарруфи худ дароварда, Ҳиндустонро ишғол мекунад ва як империяи бузург ташкил медиҳад, ки он дар Ҳиндустон беш аз 300 сол идома ёфт.
Заҳириддин Бобур ҳамчун шоир дар асарҳояш доир ба ду адабиёт - адабиёти ӯзбек ва тоҷик фикру мулоҳизаҳои пурқимат гузоштааст. Яке аз асарҳои беҳтарини ӯ - "Бобурнома" хеле диққатангез аст, ки дар он воқеаҳои пуршарари аввали асри XVI ва роҳҳои пурмашаққати ҳаёти ӯ тасвир шудааст. Гарчанд "Бобурнома" бо забони ӯзбекии асри XVI таълиф шудааст, дар он порчаҳо, шеърҳои тоҷикӣ бисёр ба назар мерасанд.
Дар "Бобурнома" аз намояндагони адабиёти мумтози тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ба забон гирифта мешаванд. Инчунин аз "Гулистон"-и Шайх Саъдӣ низ порчаҳои шеърӣ меорад. Чанд шеъри ӯзбекӣ ва тоҷикии Бобур дар тазкираи "Музаккири аҳбоб"-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ оварда шуда, қайд мегардад, ки "ба туркӣ ва форсӣ ашъори хубе дорад". Дар девони нави Бобур, ки онро олимаи адабиётшинос Шафиқа Ёрқин бо иловаҳо ба нашр омода кардааст, дар байни ашъори ӯзбекии ин девон 1 ғазал, 10 рубоӣ, 4 қитъа, 12 фард ва номае ҳаст, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ навишта шудаанд.
Мутахассисон овардаанд, ки Бобур ба тоҷикӣ шеър гуфтанро аз 17-солагӣ шурӯъ намудааст. Нахустин байти ӯ чунин аст:

Ҳеҷ кас чун ман харобу ошиқу расво мабод,
Ҳеҷ маҳбубе чу ту бераҳму бепарво мабод.

Бобур маънии умри инсонро дар накӯкорӣ дониста, беҷавоб набудан некӣ ва бадиро ёдрас мекунад:

Ҳар кас, ки вафо кунад, вафо мебинад,
Ҳар кас, ки ҷафо кунад, ҷафо мебинад.
Инсони накӯ ҷафо набинад ҳаргиз,
Бад бошад агар касе, ҷафо мебинад.

Муаррихон таъкид мекунанд, ки Бобур садҳо нафар донишмандон, адибону ҳунарварони бухороиву самарқандӣ, хуҷандию ҳиротӣ ва монанди инҳоро ба Ҳиндустон бурдааст. Дар натиҷа, дар шаҳрҳои калони Ҳиндустону Покистон адабиёти форсизабон тараққӣ намудааст.
Дар байни шаҳзодаҳои темурӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур ду мафҳуми аз ҳам дур - "шоҳ ва шоирӣ"-ро дар қалби худ муҷассам гардонда тавонистааст. Дар Ҳиндустон дар давоми 332 соли ҳукмронии бобуриён шеъри форсӣ-тоҷикӣ ба мавқеи баланд соҳиб гашта, забони форсӣ-тоҷикӣ ҳамчун забони маданияту маърифат қарор гирифтааст.
Мирзо Бобур соли 1530 дар Ҳиндустон олами ҳастиро падруд гуфтааст. Ҷасади ӯро аввал дар Боғи Нурафшони Агра, сипас тибқи васияташ онро ба Кобул кӯчонда, дар боғе, ки худи ӯ барпо карда буд, дафн мекунанд. Ҳоло ин боғ бо номи "Боғи Бобур" машҳур аст. Мегӯянд, ки ҳар субҳу шомгоҳон аз самти шимолии кӯҳи Кобул ба ин мавзеъ аз ҷониби ватанаш насими дилороме вазида, гӯё он бӯи хоки диёрро ба машом меовардааст. Сабаби маъвои хеш қарор додани ин манзил аз ин хотир будааст, ки худи шоир гуфта буд:

Қисмат ба сарам дарду балоҳо овард,
Ҳар кор, ки кардам, ба хатоҳо овард.
Бинҳода Ватан ба Ҳинд овардам рӯ,
Рӯям сияҳ, ин саҳв ҷафоҳо овард.

Санҷар ИСМОИЛЗОДА,
муаллими забон ва адабиёти тоҷик


Дата добавления: 15/02/2019 12:15;   Просмотров: 1069
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку