Дар Мактаби "Баркамол авлод"-и ноҳия тадбири Рӯзи "Дарҳои кушод" гузаронида шуд. Дар он 40 маҳфил намунаи эҷоди шогирдонро пешкаши ҳозирон гардониданд. Иштирокдорон аввал намоишгоҳи дастони моҳирро аз назар гузарониданд. Тадбири мутантанро омӯзгори мактаб Умеда Сиддиқова кушода, дар бораи мактаби "Баркамол авлод" маълумот дод. Сипас, роҳбари шӯъбаи тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва ҳифзи иҷтимоии бачаҳои Шӯъбаи таълими халқи ноҳия Мирзомаҳмуд Акрамов, омӯзгорони мактаби "Баркамол авлод" Шамсиддин Ваҳҳобов, Зилола Абдусаломова ва дигарон сухан гирифта, дар бораи аҳамияти ҳунар ва ҳунаромӯзӣ ҳарф заданд.
Диёр дар синфи 3-юм мехонд. Ба сураткашӣ шавқи зиёд дошт. Сурати гулу паррандаҳоро хеле зебо мекашид. Рӯзе воқеае рӯй доду истеъдоду орзуҳои беғубори Диёрро пажмурда кард.
Андеша ва пешниҳодҳо
Солҳо боз дар назди падару модарон ҳангоми ба синфи якум мондани фарзанди худ як савол пайдо мешавад: ба кадом забон таълим гирад?
Барои мардуми меҳнаткаш, сарбаланд, аҳлу тифоқи ноҳияи Самарқанд ба анъана табдил ёфтааст, ки ба тӯй бо тӯёна раванд. Ана барои чӣ дар арафаи 29-умин солгарди истиқлол 29 иншооти хурду калон тантанавор ба истифода супурда шуд.
Ба фанни информатика шавқ дорам. Ғайр аз дарсҳои мактаб аз устодони соҳа камтар асрори ин ҳунар омӯхтам. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатамро ба тарзи онлайн ба факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супоридам. Имтиҳон аз фанҳои математика ва физика будааст.
Шукр, ҳама сиҳату саломат таътили карантиниро мегузароем. Дар давраи оила буда, хизмати падару модарро адо намудан бароям шараф аст. Аҳамияти карантиниро ман бештар дар худи инсон, тарбияи ӯ ақлу идрок, тафаккуру худидоракунии ӯ дарк намудам.
Ба забон гирифтани ин ибора бароям чӣ қадар гарон аст. Ин ҳолати маро онҳое эҳсос мекунанд, ки худ ба қадри мактабу муаллим расидаанд. Ҳарчанд имсол дар саҳни мактаб бароямон "Занги охир" садо надоду хонандагон бароямон ниятҳои нек гуфта, гулдастаҳо набахшиданд... Ҳарчанд устодонамон аз пасамон даст ба дуо набардоштанд. Бароямон хотирмон аст, ки дар соли хониши 2019-2020 мактабро хатм намудем.
сифат, шаффофият ва адолат бояд устувор бошад!
Имрӯзҳо дар ноҳия ва шаҳру вилоятҳо озмуни ҷумҳуриятии «Китобхони беҳтарин» давом дорад. Ин иқдом, ки бо дастгирии Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев амалӣ мешвад, барои кашфи истеъдодҳои нав, шавқмандии насли наврас ба адабиёти бадеӣ, аз сайтҳои бесамари технологии интернет ба китоб ва китобхонӣ баргардонидани ҷавонон ва ғайра такон мебахшад. Барҳақ, ин амали хайр мебояд дастгирӣ ёбад. Зеро ба суннатҳои китоб ва китобхонӣ рӯй оварданро олиму фозилони ҷаҳон кайҳо исбот кардаанд. Ба муаллифон низ назари гарми ҷамъият эҳсос мегардад.
Copyright © 2025. Субҳи Гулобод. Сайт материалларидан фойдаланганда www.gulobodtongi.uz манбаи кўрсатилиши шарт.
Матнда хатолик топдингизми? Матнни танлаб CTRL+ENTER босинг.