Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НАҚИБХОН ТУҒРАЛИ АҲРОРӢ

Яке аз аберагони пири тариқати нақшбандӣ Ҳазрати Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ, ки равзаи покаш дар ноҳияи мост, Муҳаммаднақиб дар оилаи давлатманди Зосун ном деҳаи Фалғар (ҳозира ноҳияи Айнӣ) 28-уми марти соли 1865 таваллуд ёфтааст.

Айёми кӯдакиву наврасии Нақибхон дар зодгоҳаш гузаштааст. Нақибхон бо нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адабӣ бо кумаки падари маърифатпарвараш роҳи Самарқанду Бухороро пеш гирифта, дар яке аз ҳуҷраҳои мадрасаи Тиллокории Регистони Самарқанд маскан мегирад ва ба таҳсили улум шуғл меварзад. Дар рафти таҳсил Нақибхон бо як гурӯҳ устодони донишманд ошноӣ пайдо карда, ба халқаи зиёиёни онрӯзаи Самарқанд ворид мешавад ва бо дасту дили гарм шеъру шоириро пеша мекунад. Баъди хатми мадраса Нақибхон муддате дар Бухоро кор карда, аз уламову удабои маъруфи онрӯзаи Бухоро маълумоти лозима гирифта, сипас ба зодгоҳаш бармегардад. Нақибхон ба Истамбону ном духтаре аз деҳаи Куруд хонадор мешавад ва дар натиҷаи нӯҳ соли ҳамзистӣ соҳиби писаре мешаванд. Аммо бадбахтона, душманони Туғрал ин писарчаро нобуд сохта, модарашро безуриёт мегардонанд. Дар хусуси таваллуду вафоти писараш худи Туғрал чунин гуфтааст:
Борҳо дар дили ман буд таманнои писар,
Лутф созад ба мани хаста Худованд агар,
Омад охир зи карам нахли муродам ба самар,
Монд ҳасрат ба дилу кард аз ин дор сафар.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Туғрали Аҳрорӣ нозукиҳои забони ҳазорсолаи модарии худ - форсии тоҷикиро ба дараҷаи воло медониставу эҳсос мекардааст ва дар сарфу наҳви луғати арабӣ низ устоди комил будааст, ки андешаву мақолу оёти арабии иқтибосӣ ва эҷоди қалами худаш гувоҳи онанд. Туғрали Аҳрорӣ дар шатранҷбозӣ маҳорати тамоме дошта, соҳиби хати зебову хонои настаълиқ ҳам будааст. Зиёда аз ин, ӯ касби деҳқониву ҳунари бинокорӣ, урфу одати халқу забони зинда, маишати мардуму рӯзгори шаҳру деҳотро ба хубӣ медонистааст. Ва ин ҳама заковати илмиву фазилати инсонӣ ва маҳорати адабии Туғралро ҳамзамононаш ҷиддан эътироф кардаанд, ки суханони зерини шоири ҳамдаври ӯ Ҷавдат далели чунин даъвост:
Яктои асри мо буд он шоири ягона,
Бишкуфта буд аз ӯ ҳар сӯҳбату маҷолис.
Дар пеши дониши ӯ донишварон мусаллам,
Равшан бувад ба фаҳмаш ҳар нуктаю аҳодис.
Дар назму насру ашъор яктои асри мо буд,
Қоил шуда ба илмаш ҳар олиму мударрис.
Туғрали Аҳрорӣ марди хоксору фақирпарваре буда, ҳирси молу пул дар ӯ мушоҳида намешудааст:
Чунон сомони доман кардаам кунҷи қаноатро,
Ки андар дил намебошад таманнои зару симам.
Рафоқату ҳамсӯҳбатӣ дар мадрасаҳои Самарқанду Бухоро бо муллобачаҳои нодору камбағал ва омаду рафти беохири мардуми фақиру бечора ба хонаи Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун гувоҳи зиндаи хайрхоҳиву бечорапарвариву авомдӯстии шоир мебошанд. Ҳамчунин, дар миёни мардуми камбағали Фалғару Панҷакент, Истаравшану Мастчоҳ ва Самарқанду Бухоро ёру дӯстони зиёде дошта, ҳаммаҳфили як идда ҳунармандону зиёиён ва ҳамсӯҳбати як даста суханварону ҳофизони пешқадами давр будааст. Аз ҷумла, шоир дар маснавии "Дар хусуси табъи девон"-аш Аҳмади Васлӣ, Масеҳои Тамҳид, Аҳмади Равнақ, Исҳоқбеки Ваҳҳоч, Қурбӣ, Ҳасратӣ, Гулханӣ, Лутфӣ, Муҳаммадқулии Тарҷумон, Ашрафи Туҷҷор ва дигаронро ном мебарад, ки нисбаташ ҳусни таваҷҷӯҳу эҳтиром доштаанд ва дар чопи девонаш мадад кардаанд.
Туғрали Аҳрорӣ дар байни солҳои 1918-1919 ҳамроҳи аскарони сурхи шӯравӣ дар чандин задухӯрдҳои хунини алайҳи босмачиёну аксулинқилобони болооби Зарафшон бевосита иштирок намуда, борҳо штаби дастаҳои ихтиёриву аскаронро дар ҳавлии худ ҷой медиҳад ва ҳамроҳашон деҳаҳои Томин, Фатмев, Гузари Бод, Рарз ва Похутро аз ҷанги душманони синфӣ озод мекунад. Ӯ дар рафти яке аз чунин муҳорибаҳо барои озодии деҳаи Вешаб аз тарафи душманону бадхоҳонаш ба тӯҳмати ноҳақи аксуламал гирифтор ва 28-уми июни соли 1919 дар поёни деҳаи Зосун дар назди дарёи Зарафшон аз тарафи аскарони Советӣ ба қатл расонида мешавад.
Айни замон мактаби миёнаи рақами 8 ноҳияи Айнӣ, ки дар деҳаи Зосун вуҷуд дорад ба номи Нақибхон Туғрал гузошта шудааст. Бо ташаббус ва роҳбарии яке аз фарзандони ба ору номуси миллат Ҳалим Ёров оромгоҳ, осорхона ва нимпайкараи Нақибхон Туғрал дар деҳаи Зосун сохта шудааст. Соли 2015 Маҷмӯаи таърихӣ- фарҳангии Нақибхон Туғрал дар зодгоҳаш деҳаи Зосуни ноҳияи Айнӣ навсозӣ шудааст. Маҷмӯа аз оромгоҳи шоир, фаввора, муҷассамаи барқади шоир ва айвони бо усули меъмории миллӣ кандакоришуда иборат аст. Оромгоҳи шоир навсозӣ шуда, бо нақшу нигори миллӣ, кошинҳо, гаҷкорӣ ва кандакорӣ оро ёфтааст.


Последнее редактирование: 05/04/2019 15:15;   Просмотров: 927
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку