Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Болта ОРТИҚЗОДА

ё худ донишманди дунёи пиру барно

Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Арбоби шоистаи маданияти Тоҷикистон, нависандаи тавоно Болта Ортиқзода 5-уми майи соли 1924 дар гузари Қири деҳкадаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1952 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм намудааст. Дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон муаллимӣ кардааст. Ба вазифаҳои мудири шӯъбаи рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" (ҳоло "Анбоз"), хабарнигори рӯзномаи "Маориф ва маданият" (ҳоло "Омӯзгор") фаъолият бурдааст. Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Офаридаҳояш аз соли 1953 ба чоп расидаанд. Асосан барои бачаҳо менавишт, ки маҷмӯаҳои "Овози ҷавонон" (1954), "Ҷиянҳои қишлоқӣ" (1958), "Конфетҳо" (1962), "Духтарчаи нағз" (1965), "Себи орухӯр" (1966), "Мактуби сегӯша" (1971), "Ҳандалак" (1973), қиссаҳои машҳури "Таътил" (1959), "Полвон" (1964), "Гули садбарг" (1966), "Бачаҳои Лолазор" (1975), "Дурдонаҳои Зарафшон" (1980), "Пайи хун" (1982), "Дандони тилло" (1982), "Достони Самарқанд" (1985), "Ҳирси дунё" (1985), "Киштзор" (1987) ва ғайра аз он ҷумлаанд. Якҷилдаҳояш солҳои 1976 ва 1984 ба табъ расидаанд. Китобҳои "Каникулы" (1963) ва "Неугомонный Насыр" (1975)-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар Маскав чоп шудаанд. Чанде аз навиштаҳояш ба дигар забонҳо ҳам тарҷума шудаанд. Қиссаҳои "Арки Темур", "Писари Афандӣ", "Сарфагари сари оташдон", "Анҷири Боғибаланд", "Чаманистон" ва ғайра, асосан дар Самарқанд ба ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ навишта шудаанд, маҳбубияти зиёде доранд.
Устод 19 ноябри соли 2001 аз олам даргузашт.

ДЕГ "ХӮРДААСТ"

Ҳикоя

Зимистон ин тавр набуд. Лекин чӣ мегӯед, ки тобистон омаду Шодӣ қоидаи хӯрокхӯриашро вайрон мекардагӣ шуд. Акнун вай гоҳ регбозӣ, гоҳ бо оббозӣ машғул шуда, хӯроки нисфирӯзии худро тамоман фаромӯш мекард. Модараш бошад, ба ӯ соатҳои дароз интизорӣ мекашид. Сонӣ оташин шуда, ба кӯча мебаромад, ким-куҷоҳоро мекофт. Писарашро баъзан меёфт, баъзан танҳо бармегашт.
Боре шиками Шодӣ сахт дард кард. Вай баъд аз ҳамин фаҳмид, ки рӯз аз пешин гуаштаасту ҳанӯз луқмае ба даҳон набурдааст. Шодӣ саросемавор аз об баромада, либосҳояшро пӯшид. Давон-давон ба хона омад, ки хӯроки хушмаззаи модараш пухта мондагиро хӯрад. Вай аз рӯи одати ҳаррӯзааш рост ба сари оташдон омаду сарпӯши дегро бардошта дид, ки дег равғанину ошаш нест.
- Оча! Оча! Оши маро кӣ хӯрд? - гӯён пурсид. - Ошат дар дег, писарам, - худро ба нодонӣ зада гуфт модар. - Табақчаро гиру кашида хӯр!
- Канӣ? Канӣ, охир? - боз пурсид Шодӣ. - Дар дег ош нест-ку?
Модар ба оташдон наздик омаду аз ростӣ ҳам дилаш сӯхтагӣ барин:
- Э, - гуфта афсӯс хӯрд, - дар вақташ, ки наомадӣ ошатро дег хӯрдааст-дия.
Ин воқеа рӯзи дигар ҳам такрор шуд. Шодӣ давон - давон омада, сарпӯшро бардошт, ки оши ӯро боз дег "хӯрдааст". Вай ин дафъа ба модараш чизе нагуфту ба роҳи омадагиаш баргашт. Рӯзи сеюм бошад, ҳанӯз пешин нашуда, аз ҷӯраҳояш ҷудо шуд.
- Ба куҷо меравӣ, Шодӣ? - пурсиданд аз вай рафиқонаш.
- Ба хона.
- Ҳоло барвақт-ку. - гуфтанд онҳо. - Камтар бозӣ кунем, баъдтар меравӣ-дия!
- Не-е... - гуфт гарданашро каҷ карда Шодӣ. - Камтар бозӣ кунаму ошамро боз дег хӯрда монад-мӣ?

Болта ОРТИҚЗОДА


Последнее редактирование: 01/02/2019 14:54;   Просмотров: 1473
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку