Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГУЛХАНИ МЕҲР

Бо чунин ном китоби навбатии шоири маҳбуби самарқандиён, собиқадори маорифи халқ Ҳусейн Рашидӣ ба дасти ҳаводорони шеъру адаб расид.

Барҳақ, Ҳусейн Рашидӣ яке аз шоирони куҳансолу дилҷавони мост. Синни устод ба наввади умр наздик асту ҳанӯз хотираи қавӣ дорад ва шеърҳои зиёдро аз ёд медонад.
"Гулхани меҳр"-и шоир аз тариқи нашриёти "Ноширлик ёғдуси"-и Тошканд зери таҳрири шоири тавоно Асадулло Шукуров ба табъ расид.
Барои дастраси хонандагон гардидани китоб муаллифи пешгуфтор, эҷодкори шарифу бедордил, собиқадори матбуот ва маориф Мирсафо Камолӣ заҳмати зиёде кашидааст.
Мо устод Ҳусейн Рашидиро бо чопи китоб табрик гуфта, хоҳони онем, ки умраш дарозтар бод ва гулхани меҳраш дилҳои ошиқону орифонро гарм созад.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 19/02/2019 13:50;   Просмотров: 917
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку