Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ПАЙРАВ СУЛАЙМОНӢ

Пайрав Сулаймонӣ 15 -уми апрели соли 1899 дар шаҳри Бухоро ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мадрасаи форсии Марв фаро гирифтааст. Солҳои 1916-1917 дар Омӯзишгоҳи русии Когон таҳсил кардааст.

Солҳои 1921-1922 дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро дар Афғонистон котиби дуввум будааст. Баъди бозгашт ба ватан бо кори эҷодӣ машғул гардидааст. Дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд муҳаррир ва тарҷумон шудааст. Пайрав Сулаймонӣ аз 15-солагӣ ба шеъргӯйӣ сар карда, асосан шеъри суннатӣ (ғазал) гуфтааст ва Инқилобро бо шеъри "Ба муносибати Инқилоби Бухоро" (1920) пешвоз гирифтааст. Чанд сол шеърҳои ҳасбиҳолӣ ва ишқӣ суруда, дар қатори беҳтарин суханварони адабиёти ибтидои қарни бистуми тоҷик мақом гирифтааст. Ҳикояи "Гуландом" намунаи беҳтарини осори мансури ӯст. Асарҳои ҳаҷвӣ-танқидии шоир таҳти имзои мустаори "Шашпардор" интишор ёфтаанд. "Муфаттиш"-и Н.В. Гогол, романҳои А. Серафимович "Сели оҳанин", Д. Фурманов ва С. Поливанов "Балво", чанд шеъри Жаров ва Л. Ҳюз аз тарафи Пайрав ба тоҷикӣ гардонда шудаанд. Як даста шерҳояш ба русӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо тарҷума ва чоп шудаанд. Ӯ дар давоми эҷодиёти 17-солаи худ ҳамагӣ се китоб, дурусташ, се китобчаи худро дид ва даст гирифт.
Соли 1931 нахустин маҷмӯаи ӯ таҳти унвони "Шукуфаи адабиёт" бо ҳуруфи арабӣ аз чоп баромад.
Ҳамон сол, яъне соли 1931 достони ӯ "Тахти хунин" низ дар шакли китобчаи алоҳида ба табъ расид, ки он ҳам бо ҳуруфи арабӣ аст. Соли 1932 дигар маҷмӯаи ӯ бо номи "Шеърҳо" бо ҳуруфи лотинӣ аз чоп баромад.
Китоби дигари Пайрав Сулаймонӣ "Қадам ба панҷсолаи дуввум" баъд аз вафоти ӯ соли 1934-ум нашр гардид. Дар архиви шоир чопи мошинкаи ин маҷмӯа маҳфуз аст. Ин ба мо ҳуқуқ медиҳад, ки таҳияи маҷмӯаи "Қадам ба панҷсолаи дуввум" -ро ба худи муаллиф нисбат диҳем.
Шоираи маҳбуби бачагон шодравон Гулчеҳра Сулаймонӣ духтари Пайрав Сулаймонӣ буд. Пайрав Сулаймонӣ 9-уми июни соли 1933 аз олам даргузашт. Қабри ӯ аз қабристони Шоҳи Зиндаи Самарқанд ҷой гирифтааст.

НАМУНАИ ЭҶОД

Дилам боз аз дасти беғамгусорӣ
Гирифтаст расму роҳи беқарорӣ.
Зи ҷаври фалак балки дар гиря ҳастам,
Зи ҳар дидаам гашта наҳрест ҷорӣ.
Ҷаҳаннам шавад меҳмони ман имшаб,
Гар оҳам бад-ин сон кунад шӯълаборӣ…
* * *
Аҷал, охир аз ман чаро мегурезӣ?!
Ту ҳам дар дил оё мурувват надорӣ?
На бо душманон қуввати пешдастӣ,
На аз дӯстон чашми уммедворӣ.
Дило, чист охир ба гетӣ гуноҳам,
Ба ҷо монда з-ин сон низору табоҳам.


Последнее редактирование: 15/03/2019 13:13;   Просмотров: 1251
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку