Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲАСАН ИРФОН – УСТОДИ МОЁН

Ҳар сол рӯзи 22-юми март мавлуди тарҷумони моҳир ва адиби тавонои адабиёти Шарқ устод Ҳасан Ирфон (Мамадхонов) ҷашн гирифта мешавад.

Вай соли 1900 дар шаҳри Самарқанд дар оилаи косиб чашм ба олами ҳастӣ кушод. Аввал дар мадраса, сипас дар мактаби ҷадиди Абдулқодир Шакурӣ таҳсил гирифт. Қиблагоҳаш Алихон шахси маърифатпарвар буд, ки ба фарзандаш забони русиро низ омӯзонд. Шояд аз ҳамин сабаб ӯ дар 16-солагӣ романи "Робинзо Крузо"-и Даниэл Дефоро мустақил ба тоҷикӣ баргардонд. Фаъолияти меҳнатиро ҳамчун ҳисобчии фабрикаи шоҳибофӣ оғоз намуд. Меҳру муҳаббат ба адабиёт ӯро ба идораи маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" овард. Бо устод Садриддин Айнӣ, маърифатпарвар Саидризо Ализода ва дигарон риштаи дӯстӣ баст. Саргузашти шавқовари ӯ дар китоби ҳасбиҳолии "Дар кулбаи косибон" қисман акс ёфтааст. Устод Ҳасан Ирфон қариб тамоми умр бо кори тарҷумонӣ машғул шуд. Асарҳои Максим Горкий - "Бачагӣ", "Дар байни мардум", "Университетҳои ман", Жюл Верн "Бачаҳои капитан Грант", Алексей Толстой "Ғалла", Борис Полевой "Достони марди ҳақиқӣ", Николай Чернишевский "Чӣ бояд кард?", Ҷованолӣ "Спартак", Сергей Бородин "Ситораҳо дар осмони Самарқанд", Робендранат Такур "Завол" ва дигар адибонро ба хонандагони тоҷик пешкаш кардааст.
Соли 1970 бо амри тақдир ҳарду шинос шудем. Пас аз адои хизмати ҳарбӣ барои муборакбодии камина хешу ақрабо, дӯстону ҳамсоягон омаданд. Ногоҳ мӯйсафеди ношинос дар даст асо ва дар тан шиму костюми сиёҳи тоза ва зебанда ва дар сар тоқии чустӣ дошт, солорона қадам партофта омад. Аз намуди зоҳириаш маълум буд, ки ӯ шахси бомаданияту донишманд аст. Меҳмон паси миз нишаста, даст ба омин бардошт ва ба забони соф тоҷикӣ дуо кард.
- Ҳа, нашинохтӣ? - аз ҳайрати ман рамуз гирифта пурсид қиблагоҳам. - Ин кас падарарӯси сардухтури ноҳия, дӯстам Мирҳодӣ Аюбов, нависанда Ҳасан Ирфон аст, ки дар гузари ҳамсоя зиндагӣ мекунад. Хоҳарат Кибриё ба ӯ котиба.
Рости гап, тақдир маро то ҳол бо шоиру нависандагон рӯ ба рӯ накарда буд, ки бо меҳмони олиқадр шинос шудан бахти бузург ва инояти худо буд. Баъд аз сӯҳбати ширинаш баҳраманд гаштам.
Раҳматӣ Ҳасан Ирфон аз вохӯрии нахустин дар дили ман нисбат ба худ муҳаббати беандоза бедор кард. Хоҳарам ба мактаби олӣ дохил шуду устод Ҳасан Ирфон маро ба шогирдӣ гирифт. Вазифаи котиб аз хондани матни русӣ иборат буд. Вай бодиққат ба хондани ман гӯш медод ва сипас ба тоҷикӣ мегардонд. Ин кор хеле заҳматталаб буд. Ҷумлаҳои Максим Горкий мураккаб, пурмаъно ва услуби хоси худро дошт. Устод кӯшиш ба харҷ медод, ки аз ибораҳои тоҷикӣ фаровон истифода барад. Бинобар ҳамин тарҷума ба муҳаррири нашриёт писанд омада, аз нашриёт супоришҳои нав мегирифт.
Воқеан, солҳои ҳамкории худро бо Ҳасан Ирфон дар повести "Зафар" ба ҳоли қудрат рӯи коғаз овардаам. Ногуфта намонад, ки ӯ ба бисёр ҷавонон сабақ додааст. Адибу рӯзноманигорон Нормурод Каримзода, Бахтиёри Ҷумъа ва дигарон низ ба ӯ дастёрӣ намуда, шарафи шогирдиро иҷро кардаанд. Гоҳ-гоҳ олим ва унвонҷӯёни Донишгоҳи давлатии Самарқанд наздаш омада маслиҳат мепурсиданд ва ӯ кӯмаки беғараз медод. Вай касби шоҳибофиро комилан омӯхта буд, ки истилоҳи онро барои қомуси тоҷик тайёр намудааст.
Сад дареғо, ки 20-уми июли соли 1973 устод Ҳасан Ирфон аз олами фано ба олами бақо реҳлат намуд. Вале аз байн бисёр солҳо гузашта бошад ҳам то ҳол барои абадӣ гардонидани номи ӯ на дар Самарқанд, на дар Тоҷикистон коре ба сомон нарасидааст. Рост, чанде пеш дар хона-ҳавлии ӯ воқеъ дар гузари Чорраҳа лавҳача гузошта шуд, ки дар он як ҷумлаи "Дар ин манзил нависанда ва тарҷумон Ҳасан Ирфон зиндагӣ кардааст" сабт ёфтаасту халос.
Агар дар назди Донишгоҳи давлатии Самарқанд мактаби тарҷумонӣ бо номи Ҳасан Ирфон ташкил шавад ва навниҳолони боғи адабиёт таҷрибаи ӯро омӯзанд, нуран аъло нур мешуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ


Последнее редактирование: 28/03/2019 14:34;   Просмотров: 924
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку