Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИСТЕЪДОД ЭЪТИБОР МЕХОҲАД

Диёр дар синфи 3-юм мехонд. Ба сураткашӣ шавқи зиёд дошт. Сурати гулу паррандаҳоро хеле зебо мекашид. Рӯзе воқеае рӯй доду истеъдоду орзуҳои беғубори Диёрро пажмурда кард.

Диёр бо шавқи зиёд бо қаламҳои ранга сурати фароштурукро рӯйи коғаз кашид. Дурудароз ба он нигариста, табассум дар лабонаш нақш баст. Бо хурсандӣ сурати кашидаашро назди модараш бурд. Гумон кард, ки модараш ӯро бӯсида, таъриф мекунад.
- Бийиҷон, ин расмро бинед, ба фароштурук монанд шудааст-мӣ?
Модар бо кори худ машғул шуда, ба суханони фарзандаш эътибор надод. Диёр боз суханонашро такрор карда, суратро ба чашмони модараш наздиктар кард.
- Диёр, ба ту чанд бор гӯям?! Вақтатро бо ин машғулоти беҳуда нагузарон! Расм кашидан барои ту ҳеҷ хел фоида надорад, фаҳмидӣ?!
Ҳар як фарзанд ба ин ё он чизе шавқу истеъдод дорад. Барои сайқали истеъдод бошад, эътибор лозим. Оилаҳое ҳастанд, ки падару модар ба истеъдоди фарзанди худ эътибор намедиҳанд. "Ояндаи фарзандам ба ин одатҳо вобаста нест. Ин орзуи бачагӣ асту пас аз фурсате гузашта меравад" меандешанд онҳо. Вале набояд фаромӯш кард, ки пойдевори ҳамаи касбу ҳунарҳо аз бачагӣ оғоз меёбад. Орзую шавқи бачагӣ мисли ниҳолест, ки ба парвариши боғбон ниёз дорад. Аз беэътиборӣ пажмурдаю нобуд мешавад. Аз меҳру эътибор нашъунамо ёфта, дар оянда меваи ширин медиҳад.

Фотима МАҲМУДОВА


Дата добавления: 23/10/2020 15:35;   Просмотров: 562
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку