Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД

Дар Мактаби "Баркамол авлод"-и ноҳия тадбири Рӯзи "Дарҳои кушод" гузаронида шуд. Дар он 40 маҳфил намунаи эҷоди шогирдонро пешкаши ҳозирон гардониданд. Иштирокдорон аввал намоишгоҳи дастони моҳирро аз назар гузарониданд. Тадбири мутантанро омӯзгори мактаб Умеда Сиддиқова кушода, дар бораи мактаби "Баркамол авлод" маълумот дод. Сипас, роҳбари шӯъбаи тарбияи маънавиву ахлоқӣ ва ҳифзи иҷтимоии бачаҳои Шӯъбаи таълими халқи ноҳия Мирзомаҳмуд Акрамов, омӯзгорони мактаби "Баркамол авлод" Шамсиддин Ваҳҳобов, Зилола Абдусаломова ва дигарон сухан гирифта, дар бораи аҳамияти ҳунар ва ҳунаромӯзӣ ҳарф заданд.

- Аз оғози соли 2020 мактаби мо ба сифати мактаби "Баркамол авлод" фаъолият оғоз намуд, - иброз дошт директори мактаб Заррина Холмирзоева - Аз моҳи март роҳбарони маҳфилҳо машғулотро ба воситаи канали телеграмм - онлайн мегузарониданд. Инак, аз чоряки дуюми соли хониши 2020-2021 машғулотҳо ба тарзи анъанавӣ мегузаранд. Ҳоло дар назди 13 мактаби миёнаи таълими умумӣ ва панҷ маҳалла маҳфилҳои гуногун фаъолият доранд.
Машғулоти намунавӣ пешкаши ҳозирон гардонида шуд. Хонандагон ба маҳфили дилхоҳашон аъзо шуданд.
Суруду рақсу бозии бачаҳо ба тадбир шукӯҳи хос бахшид.

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 18/11/2020 10:53;   Просмотров: 542
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку