Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КӮДАКИСТОНИ ГУЛБОҒ

Барои мардуми меҳнаткаш, сарбаланд, аҳлу тифоқи ноҳияи Самарқанд ба анъана табдил ёфтааст, ки ба тӯй бо тӯёна раванд. Ана барои чӣ дар арафаи 29-умин солгарди истиқлол 29 иншооти хурду калон тантанавор ба истифода супурда шуд.

Дар маҳаллаи Гулбоғ бинои нави кӯдакистон барои 180 нафар фарзандони хурдсоли аҳолӣ дари худро боз кард.
- Барои бунёди ташкилоти таълими томактабӣ 2,3 миллиард сӯм кредити имтиёзнок ҷудо карданд. Дар маскани таълиму тарбия омӯхтани забонҳои хориҷӣ, маҳфилҳои расмкашӣ, шиноварӣ, мусиқа ба роҳ монда шудааст, - иброз дошт роҳбари таълимгоҳ.
Инчунин, дар маҳаллаи Гулобод барои 120 нафар, дар гузари Янги ҷой барои 50 нафар писаракону духтаракон ташкилоти таълими томактабӣ қад рост карданд.
- Дар ноҳия зери шиори "Ту манбаи қудрату маскани саодатӣ, Ӯзбекистони азиз!" корҳои ибратбахш ба фарҷом мерасанд, - иброз дошт ҳокими ноҳия Носир Мавлонов. - Имрӯз дар шароити пандемия гувоҳи он мегардем, ки халқи заҳматкаши мо иродаи матин дорад. Бояд таъкид кард, ки аҳолии ноҳия ба туфайли роҳандозии сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ба комёбиҳои зиёд ноил мегарданд.
Алалхусус, дар доираи ҳаракати байналхалқии "Саховат ва кӯмак" ду ҳазору 245 нафар оилаҳои камбағал ба "Дафтари оҳанин" ворид гардидаанд.
Ба 1212 оилаи эҳтиёҷманд аз ҷониби тадбиркорони саховатпеша 943 миллион сӯмина маҳсулотҳои озуқаворӣ, доруворӣ ва дигар гуна кӯмаки беғаразона расонида шуд.

З.ҲАСАНЗОДА


Дата добавления: 15/09/2020 16:23;   Просмотров: 545
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку