Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЧӢ ТАВР МЕГУЗАРАД?

Шукр, ҳама сиҳату саломат таътили карантиниро мегузароем. Дар давраи оила буда, хизмати падару модарро адо намудан бароям шараф аст. Аҳамияти карантиниро ман бештар дар худи инсон, тарбияи ӯ ақлу идрок, тафаккуру худидоракунии ӯ дарк намудам.

Бояд гуфт, ки шогирдоне, ки дар дарсҳо суст фаъол буданд, ҳоло дар дарсҳои масофавӣ фаъолӣ нишон медиҳанд. Зеро дар назорати волидон ҳастанд. Супоришҳоро саривақт иҷро намуда, боз ваҳифаҳои иловагӣ мепурсанд. ҳатто вобаста ба мавзӯъ асари бадеӣ мепурсанд. Албатта, ин аз фаъолу ташнаи илм будани онҳо дарак медиҳад. Барои ташкили дарсҳои масофавӣ аз ҷониби ҳукуматамон чораҳо андешида шудааст. Дарсҳои масофавӣ, ки тавассути оинаи нилгун дода мешавад, бисёр аҷоиб ташкил карда шудааст. Хонандагони мо низ аз рӯйи он таълим гирифта, ҷойҳои нофаҳморо аз мо занг зада мепурсанд. Бо вуҷуди ин, ман аз тарзи таълимдиҳии онлайнӣ на онқадар қонеъ ҳастам. Дар гурӯҳи синфҳо на ҳама фаъоланд, инчунин, рақобати байни хонандагон кам мушоҳида мегардад. Бояд гуфт, ки таълими масофавӣ ба сифати машғулотҳо низ таъсир мерасонад, чунки як қисми шогирдон ба воситаи телефон эҷодкориро азхуд намудаанд, слайд, аудио, видиолавҳаҳо тайёр мекунанд. Ин албатта хурсандиовар аст, лекин баробари ин баъзе аз онҳо ба телефон руҷӯъ монда аз дарсхонӣ дур мешаванд. Ин бошад, пеш аз ҳама ба назорати волидон вобаста аст. Ба фикрам, ин санҷишест, ки аз ҷониби офаридгор барои бандагон фиристода шуд. Зеро дар аксар оила падару модар нисбати тарбияи фарзандон бефарқ буданд. Дар таътили карантинӣ бошад, риштаи оилавӣ мустаҳкам гардид. Умед дорам, ки баъди бартараф гардидани карантин меҳри байни фарзанду волидон. қадршиносии якдигар, эътибор ба тарбияи фарзандон аҳамияти худро нигоҳ медорад.

Наргис НАРЗУЛЛОЕВА,
муаллимаи мактаби миёнаи таълими умумии рақами 37


Дата добавления: 05/06/2020 17:24;   Просмотров: 677
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку