Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИМТИҲОНҲО ТЕСТ ШУД...

Ба фанни информатика шавқ дорам. Ғайр аз дарсҳои мактаб аз устодони соҳа камтар асрори ин ҳунар омӯхтам. Аз ин рӯ, баъди хатми мактаб ҳуҷҷатамро ба тарзи онлайн ба факултаи математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супоридам. Имтиҳон аз фанҳои математика ва физика будааст.

Рӯзи дуюми сентябр дар қатори дигар довталабон соати 6.30 дар хиёбони ҳавзаи қаиқронӣ (ба қавли халқ Гребной канал) ҳозир шудам. Одам хеле бисёр буд. Довлатабонро бо навбат аз санҷиши тиббӣ гузаронида, медароварданд. Баъд духтарону писаронро дар алоҳидагӣ аз назорат гузаронида, ба чизҳои зиёдатӣ аз қабили ручка, коғаз, телефон, қолаби телефон, рӯймолча ва ғайра роҳ надоданд. Ба ҳар довталаб ручка ва об доданд.
Дар ҳама ҷо камераи назоратӣ гузошта буданд. Пеш аз оғози имтиҳон ба мо дар бораи талабҳои имтиҳони тестӣ маълумот доданд.
Имтиҳон соати 8.00 сар шуд. Ҳама аз рӯйи дониш ба 60 саволи тестӣ (ҳар сол 90 то буд) ҷавоб гардонд. Касе, ки аз шпаргалка истифода барад, аз имтиҳон пеш карда мешуд.
Бояд гуфт, ки имсол бори аввал ба забони тоҷикӣ тест ҷорӣ гардид. Санҷиш боадолатона ва шаффоф гузашт.
Рӯзи дигар холҳои ҷамъкардаи довлатабон ба тарзи онлайн дар кабинети шахсиашон эълон карда шуд. Натиҷаи умумӣ, яъне ба сафи донишҷӯён қабул гардидани довталабон пас аз поён ёфтани давраи итиҳонсупорӣ эълон хоҳад шуд.
Аз рӯзнома шеъри шоир Салим Кенҷа, ки матлааш:
"Имтиҳонҳо тест шуд,
Илтимосҳо нест шуд,"-ро хонда будам.
Барҳақ, имсол низ имтиҳонҳо тест шуд. Илтимосҳо низ нест мешуда бошад?! Мо довталабон баҳои ҳақиқиро соҳиб мешавем!

Лоиқ ҲАМИДЗОДА


Последнее редактирование: 16/09/2020 10:10;   Просмотров: 575
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку