Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ МИЛЛӢ чӣ гуна бояд бошад?!

Андеша ва пешниҳодҳо

1
Масъалаи таълиму тарбия дар ҳар давру замон масъалаи асосӣ ва ҳалкунандаи ҷамъияти инсонӣ ва рушду камоли ҳаёти одамӣ буд ва хоҳад монд. Аз қадим ҳар як соҳиби илму маданият, олиму файласуф, шоиру нависанда, ҳатто подшоҳу ҳукуматдорон барои беҳбудии тарбия ва таълими насли наврас фикрҳои хешро дар асарҳояшон сабт намудаанд. Агар мо ба таърих назар кунем, дар оини зардуштӣ ҳам ба масъалаҳои илму маърифат ва одобу ахлоқ эътибори ниҳоят бузург дода шуданашро дарк мекунем. Фикрҳои Зардушт дар он хусус, ки "Тарбия - такягоҳи муҳимтарини ҳаёт" бояд ҳисоб ёбад, сазовори диққатанд. Дар зардуштиён тарбияи кӯдак дар се равияи зерин ба амал бароварда шудааст:
1. Тарбияи динӣ ва ахлоқӣ.
2. Тарбия ҷисмонӣ.
3. Омӯзондани хондану навиштан.
Тарбияи кӯдакон аз синни 7- солагӣ шурӯъ шудааст. Ба кӯдаке, ки 7-сола мешавад, "куртаи муқаддас" пӯшонида, маросими махсус мегузарониданд. Кӯдакон ҳамроҳи муаллимашон дар як саф истода рӯ ба Офтоб ваъда медоданд, ки ба дини зардуштӣ содиқ мемонанд. Боварӣ доштани худро ба фикрҳои хуб, каломи нек ва соҳибӣ кардани корҳои хайрро маълум мекарданд. Ин гуна машғулотҳо дар як рӯз панҷ маротиба такрор мешуданд. Албатта, масъалаи таълиму тарбия доимо ислоҳотро мехоҳад, зеро он ба илм такя мекунад, илм бошад, доимо дар рушду нумӯъ аст. Барҳақ, агар дар ҷамъият таълиму тарбия дуруст ба роҳ монда нашавад, ҷамъият аз тараққиёт бозмемонад. Барои ба роҳ мондани тарбияи дурусти фарзандон низ аҳли ҷомеъа, чуноне мардуми мо "ба як фарзанд ҳафт маҳалла ҳам падару ҳам модар" мегӯяд, мутасаддӣ мебошанд.
Маълум аст, ки фарзанд тарбияи аввалинро дар оила мегирад. Агар шароити оила мӯътадил, муносибати байни аъзоёни оила аз назари маънавӣ пойдор бошад, фарзанд соҳиби тарбияи хуб мегардад. Сипас, дар мактаб агар ба дасти омӯзгори серталабу фидокор афтад, шахси комил шуда, ба воя мерасад. Агар таълиму тарбияи кӯдак, аз як тараф,ба ҳаракат ва дараҷаи донишомӯзии худи ӯ вобаста бошад, аз тарафи дигар, ин масъалаи аҳли ҷомеъа аст.
Ман худ омӯзгорам ва зиёда аз чиҳил сол аст, ки бо таълиму тарбияи хонандагон сару кор дорам. Аз таҷриба бармеояд, ки агар фарзандон дар назди падару модар, дар оилаи солим тарбия гиранд, сифати дарсазхудкунии онҳо беҳтару хубтар мегардад ва тарбияи онҳо ҳам ба он мувофиқ мешавад. Вале солҳои охир баъзе падару модарон меҳнатро дар давлатҳои хориҷа маъқул дониста, аз оила ва тарбияи фарзандон дур монданд. Вақте ки онҳо соҳиби пулу мол, бармегарданд, мефаҳманд, ки аз волотарин неъмат - тарбияи фарзандон дур шудаанд. Агар шумо камҳаракатию бефарқии баъзе хонандагонро ба дониш ҳис карда, бо онҳо сӯҳбат кунед, дурии падару модар ба онҳо чӣ қадар заҳмат овардааст, дарк мекунед.
Рӯзе бо хонандае сӯҳбат доштам ва асбобҳои ӯро аз назар мегузаронидам. Вай аз даруни кисааш чанд қоғази қатшударо бароварда, рӯи миз гузошт. Дар як қоғаз "телефони бийиҷонам", дар қоғази дигар ҳам айнан ҳамин рақами телефон навишта шуда буд. Ман пурсидам:
- Модарат дар куҷо?
- Ба Россия рафтаанд,- гуфт.
- Бо шумоён тез-тез сӯҳбат мекунанд?- аз нав пурсидам ман.
- Не, падарам инро намехоҳанд, он кас аз модарам рӯй гардониданд, - ҷавоб дод хонанда ва ашк ба чашмонаш ҳалқа зада, гиря кард.
- Ҳа, албатта, ба ту бисёр мушкил. Рӯзе мерасад ва падарат хатояшро мефаҳмад, лек ту аз дарсхонӣ намон, нағз хон, то ки ҳама ба ту бо ҳавас нигоҳ кунанд. Ту аз ӯҳдаи ин мебароӣ ва модарат ҳам, падарат ҳам хурсанд мешаванд, - тасаллои дил додам ман.
Сӯҳбатҳои алоҳида бо чунин хонандагон борҳо такрор мешуданд. Рӯзе дар утоқи кории худ будам, ки навбатдори мактаб саросема омада:
- Муаллима, як ба тарафи синфҳои ибтидоӣ мерафтед, се-чор нафар ба боздошти ман нигоҳ накарда, ба мактаб даромаданд, - гуфт.
Бо тезӣ рост ба сӯи бинои синфҳои ибтидоӣ раҳсипор гардидам. Дар толор касе хонандаеро бардошта ва се нафари дигар аз қафо меомаданд.
- Муаллима, ёрӣ диҳед, - бо илтиҷо гуфт он хонанда.
- Кӯдакро ба ҷои нишасташ баред, - амр додам ба онҳо.
Яке изҳор намуд, ки дар идораи дахлдор мекунад. Ман гуфтам:
- Ин ҷо идораи шумо не, ин ҷо мактаб, ба хонандагон мо масъул ҳастем.
Ӯ фаҳмонд, ки модари ин кӯдакро аз хонааш рондаанд ва ҳоло омаданд, ки кӯдакро ба модараш баргардонанд. Ман ба онҳо фаҳмонидам, ки ин гуна масъалаҳоро ба назди раиси маҳалла рафта, бо иштироки фаъолони маҳалла бояд ҳал кард, на ин ки дар мактаб. Ин ҷо маскани тарбия аст.
Пас кӯдакро ба наздам даъват кардам ва дуртар аз дигарон чӣ воқеа рух доданашро пурсидам. Ӯ хонандаи синфи 3-юм буд ва дар ҳаққи модараш суханҳои носазо гуфт. Ман ба ӯ фаҳмонидам, ки модар барои фарзанд сармояи бахту иқболу тарбия аст, модар муқаддас аст, дар ҳаққи модарат ин гуна суханҳоро нагӯй.
- Не, шумо намедонед, - гуфта гиря кард, - модарам сабукпоӣ кард.
Ман гуфтам:
- Агар падару модарат аз ҳам ҷудо шаванд, албатта, падарат ба зани дигаре хонадор мешавад. Пас ту бо модари ӯгай чӣ хел зиндагӣ мекунӣ?
Ӯ фавран ҷавоб дод:
- Оё, модарам шавҳар намекунад, муаллима? Бо падари ӯгай ҳоли ман чӣ мешавад? - гуфту аз нав ба гиря даромад.
Ман аз доногии кӯдак дар ҳайрат мондам ва сари ӯро бо меҳр навозиш кардам. Ба хотирам андешаи файласуфе омад: "Мо дар кӯдакӣ ба фарзандонамон ҳама чизро ёд медиҳем, вале вақте бузург мешавем, аз онҳо меомӯзем". Ин кӯдак дар хурдсолӣ ҳаётро гӯё ҳама омӯхта буд. Ин охирин соати дарс буд. Овози занг баланд шуд. Ман кӯдакро бо он одамон фиристодам ва таъкид кардам, ки ӯро рост ба хонаи падараш бурда монанд ва рақами телефонашонро гирифтам.
Мақсад аз овардани ин гуна мисолҳо нишон додани камбудиҳои баъзе аз аҳли ҷомеъа набуда, балки вазифаҳои ба ӯҳда доштаи аъзоёни оиларо таъкид намудан ва масъулияти онҳоро дар тарбияи фарзандон ба хотир овардан аст. Боз мо гувоҳи он мешавем, ки падару модарон ба фарзандони худ телефонҳои гуногунро тӯҳфа мекунанд, вале ягон бор онро ба даст гирифта, тафтиш намекунанд, намедонанд, ки фарзандонашон бо телефон чӣ хел банд ҳастанд. Вақте ягон ҳодиса содир мешаваду падару модари онҳоро даъват мекунем, онҳо аз кирдори фарзандашон шарм карда, ба он бовариашон намеояд.
Баъзан шоҳиди он мешавем, ки баъзе падару модарон аз таъриху насли худ ва арзишҳои динӣ, ба мисли уволу савоб бехабаранд. Дар ин ҳол онҳоро гунаҳкор кардан нашояд.
Шукр, ки дар солҳои истиқлоли миллӣ мо аз нав ба он муқаддасоте, ки аз даст дода будем, расидем. Муносибат ба анъанаҳои миллӣ, ба мероси маънавии аҷдодонамон дигар шуд. Эҳтиром ба қадриятҳои гузашта як қисми муҳими сиёсати давлат дар боби таълиму тарбияи насли наврас гардид. Дар айни ҳол натиҷаҳои ислоҳоти ҳаёти маънавии ҷомеъа чандон намоён нестанд. Дар таълиму тарбияи мактабӣ, хусусан дар таълими фанҳои гуманитарӣ, пеш аз ҳама, забон ва адабиёти точик мо ҳанӯз норасоиҳои бисёрро мебинем.
2
Барои дуруст таълиму тарбия гирифтани мактаббачагон роҳу омилҳои бисёр мавҷуданд. Ҳалли ин масъала бештар ба сифати китобҳои дарсӣ ва тарзи тартиб додани дастури таълими мактабҳои миёна вобаста аст.
Дар дастури таълими мактабҳои миёна барои соли хониши 2020 - 2021, ки 25 феврали соли 2020 тасдиқ шудааст, ба омӯзиши забони давлатӣ се соат ҷудо кардаанд. Ин хеле хуб аст, албатта. Аммо барои таълими забон ва адабиёт миқдори соатҳо кам шудааст. Барои таълими забон ва адабиёти тоҷик дар синфҳои 7 - 9 се соат ва дар синфҳои 10 - 11 ду соат ҷудо кардаанд. Агар ин соатҳоро аз рӯи нақшаи таълимии синфҳои тоҷикӣ, аз синфи 1 то синфи 11, ҷамъ кунем, дар як ҳафта 47 соатро ташкил медиҳанд. Вале дар синфҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ миқдори соатҳо барои таълими забони модарӣ ва адабиёти ӯзбек аз синфи 1 то синфи 11 ҷамъ 64 соатро ташкил мекунанд. Чуноне мебинем, таълими забон ва адабиёти тоҷик дар як ҳафта 17 соат фарқ карда истодааст. Агар мо ин тафовутро дурусттар таҳқиқ намоем, пас дар як соли хониш (34 ҳафта) чунин натиҷаро мебинем: 17 х 34 = 587 соат.
Таҷриба нишон медиҳад, ки хонанда маънавияти аслро аз омӯхтани фанҳои забони модарӣ ва адабиёти миллӣ ва аз хондани асарҳои бадеӣ мегирад. Ин фикр мантиқ дорад: то талаба ду илм - забони модарӣ ва адабиётро мукаммал наомӯзад, шавқу завқи вай ба мустақилона, бо ҳавас хондани адабиёти бадеӣ шакл намегирад. Он чӣ дар дастурҳои таълими ин фанҳо муайян карда шудааст, моро қаноат намебахшад. Соатҳое, ки ба ин фанҳо ҷудо карда шудаанд, кам ва ночизанд. Пас, дар он ҳолате, ки мо дорем, кадом вақт ва чӣ тавр инсони комилу ба ватан садоқатмандро тарбия мекунем?! Ин хеле таассуфовар аст.
3
Аз ин боис, лозим донистам дар айёми имрӯзаи озодиву равшанфикрӣ таклифҳои худро дар бораи рушду камоли таълиму тарбия, ки солҳо аз таҷрибаи худ ҳосил намудаам, ба диққати муаллимони забон ва адабиёти тоҷик ва дастурсозони ин фанҳо пешниҳод намоям. Умедворам, онҳое, ки маро мефаҳманд ва бо ман ҳамфикранд, мулоҳизаҳои худро дар ин бора иброз медоранд. Инак, пешниҳодҳои ман:
1. Гарчӣ дар мактабҳо ҳамкорӣ бо ташкилотҳои гуногуни давлативу ҷамоатӣ ба роҳ монда шудааст, он камсамар аст. Агар дар маҳаллаҳо миқдори кормандони профилактикӣ бештар карда шаванд, маҳаллаҳо ҳамон қадар тинҷу осоишта мегарданд ва ҳамкорӣ бо мактабҳо меафзояд. Онҳо бояд ҳаёти сокинони маҳаллаҳоро аз наздик биомӯзанд. Он вақт дар мактабҳо ҳам сафи хонандагони душвортарбия ва аз оилаҳои носолим камтар мешавад. Агар ин масъала дар ягон қонун асоси ҳуқуқӣ пайдо мекард, нуран аъло нур мешуд.
2. Дар дастури таълими мактабҳои миёна соатҳои таълим ба омӯзиши забони давлатӣ, забонҳои тоҷикиву русӣ ва дигар забонҳои миллӣ бояд як хел, баробар тақсим карда, миқдори соатҳо ба омӯзиши забони модарӣ ва адабиёти миллӣ бештар ба нақша гирифта шавад. Зеро сухан дар бораи забони модарӣ меравад ва хонанда онро бояд ба таври мукаммал омӯзад.
3. Дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти падару модаронро бояд зиёд кард.
4. Барои дуруст ба роҳ мондани кори таълим китобҳои дарсӣ нақши асосӣ мебозанд. Дар солҳои охир мо дар таълифи китобҳои дарсӣ ҳам норасоиҳои зиёдеро мушоҳида мекунем. Китобҳои дарсӣ ва нақшаҳои тақвимӣ бояд ба ҳам мувофиқ бошанд ва пеш аз тавсия ба нашр бояд аз назари дақиқонаи омӯзгорони асилу таҷрибадор ва мутахассисон гузаранд.
5. Дар солҳои охир мо шоҳиди бисёр садамаҳои роҳ шуда истодаем, чунки ронандаҳо касби худ ва қоидаҳои ҳаракатро ба таври кофӣ намедонанд. Дар нақшаи таълимӣ бошад, оид ба қоидаҳои ҳаракати роҳ ягон соате ҳам ҷудо карда нашудааст. Ба фикри ман, агар то синфи 9 хонандагони мактаб ҳафтае як соат фани "Қоидаҳои ҳаракати роҳ"-ро омӯзанд ва дар синфҳои 10 - 11 касби ронандагиро ҳам (ба шарти маблағгузорӣ ба давлат аз ҳисоби тарбиягарон) ёд гиранд, он вақт ҳар як хонанда ҳам соҳиби маълумоти миёна ва ҳам соҳиби касби даркорӣ мегардад. Дар натиҷа бехатарии роҳ ҳам таъмин карда мешавад. Дар ин кор ақалан як соат дар нақшаи таълимӣ ба ихтиёри мактабҳо гузаронида шуданаш лозим аст.
Бархақ, дар маросими Рӯзи омӯзгорон Президентамон Шавкат Миромонович Мирзиёев ба тамоми омӯзгорон, мураббиён ва тарбиячиёни чумҳурӣ мурочиат карда, ба онҳо доир ба мартабаи касби омузгорӣ бо суханҳои нек баромад карданд. "Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб оғоз меёбад",- гӯён фикрҳову дархостҳои эҷодкоронаи худро нисбати таълиму тарбияи ҷавонон иброз намуданд. Ин баромади Президент ба ҳамагон писанд омад ва ҳамаро ба муташаккилию ривоҷу равнақи сифати таълиму тарбия дар Ӯзбекистон водор сохт.
Дар хотима гуфтанӣ ҳастам, ки мақсади мо таълиму тарбияи инсони комил аст. Дар ин масъала мо, ҳама омӯзгорон, бо гузоришҳои Президентамон Шавкат Мирзиёев ҳамфикру ҳамраъӣ ҳастем. Мо ҳама барои Ватан ва беҳтару ободтар гардидани мамлакати худ меҳнат мекунем.
Агар ин пешниҳодҳои ман, каме ҳам бошад, ба беҳ шудани сифати таълими забон ва адабиёти тоҷик ва пешравии мактабу маориф хизмат кунанд, нуран аъло нур мешуд.

Фарида АҲМАДОВА,
омӯзгори тоифаи олии мактаби
рақами 16, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Последнее редактирование: 16/10/2020 17:28;   Просмотров: 651
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку