Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Дар соҲаи таълим

сифат, шаффофият ва адолат бояд устувор бошад!

Дар арафаи соли таҳсили нав ҳар сол машваратҳои анъанавии августии омӯзгорон баргузор мешавад. Ин ҷо мо чун пештара аз тавсияҳои қолабӣ даст кашида, ба омӯзгорон маълумотҳои навро пешниҳод мекунем, то аз он омӯзгорон дар таҳияи тавсияҳои методии худ истифода баранд. Пеш аз ҳама бояд ҳаминро ёдовар шавем, ки соли таҳсили нав соли дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи таълим бояд бошад. Зеро таҳти шиори "Сифат, шаффофият ва адолат" Вазорати таълими халқи Республика барои амалӣ намудани тағйиротҳо тайёрӣ мебинад.
Бояд ҳаминро таъкид намоем, ки воситаи самарадории машғулотро афзункунанда пеш аз ҳама барномаи мукаммали таълим, китоби дарсӣ ва тавсияҳои услубӣ ба шумор меравад. Ташкил шудани синфҳои 10-ум ва 11-ум ва дар муддати кӯтоҳ таҳияи барнома ва китобҳои дарсӣ як қатор душвориҳо пеш овард. Ба ин нигоҳ накарда, олимону донишмандони зиёде ба ин кори пурмасъулият ҷалб шуданд. Барои соли таҳсили 2017-2018 барои синфҳои 10 –ум китобҳои дарсӣ ба пуррагӣ нашр ва дастрас гардид, ки омӯзгорону донишомӯзон аз он истифода бурданд. Китобҳои дарсии синфи 11 барои соли хониши 2018–2019 ҳам ба пуррагӣ то имрӯз ба нашр омода гардида, то оғози соли таҳсил дастраси омӯзгорону донишомӯзон мегардад. қариб ҳашт ҳазор нафар донишомӯзон ба синфҳои 11–уми мактаби таҳсилоташон ба забони тоҷикӣ гузаштанд
Мувофиқи фармоиши Вазири Таълими Халқи Республикаи Ӯзбекистон аз 27-июли соли 2018 таҳти рақами 191 "Дар бораи тасдиқи нақшаи такягоҳии таълимӣ барои синфҳои I –XI мактабҳои таълими миёнаи умумӣ дар соли таҳсили 2017-2018" барнома ва нақшаҳои таълимӣ ба ғайр аз синфҳои 11 барои дигар синфҳо батағйир монд.
Китоби дарсии "Адабиёт" – и синфи 11, ки муаллифонаш Ҷумъақул Ҳамроев, Олимҷон Давлатов ва Хусрав Ҳамидов ҳастанд, анъанаҳои қолаби кӯҳнаро шикаста, бо диди нав таълиф шудааст ва бештар хусусияти таҳлилӣ дорад. Дар баробари ин муаллифон бар он кӯшидаанд, ки ҳаёт ва фаъолияти шоиру нависандагонро бо шароити муҳит, сохти ҷамъиятӣ ва давру замон таҳлил намуда, асарҳояшонро нақд намоянд. Китоб аз "Муқаддима", бобҳои "Адабиёти навини тоҷик", "Адабиёти тоҷики Ӯзбекистон дар замони Истиқлол", "Адабиёти ӯзбек" ва "Адабиёти ҷаҳон" таҳия шудааст.
Дар боби "Адабиёти навини тоҷик" доир ба ҳаёту эҷодиёти 16 нафар адибони забардаст; Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Саттор Турсун, Фарзона, Меҳмон Бахтӣ, Абдулҳамид Самад ва Баҳманёр маълумот оварда шудааст.
Китоби дарсии "Забони тоҷикӣ" аз ҷониби муаллифон Малик Кабиров, Таваккал Чориев ва Хусрав Ҳамидов омодаи нашр гардидааст. Донишомӯзон дар синф 10–ум бо услубҳои нутқ шиносо гашта буданд дар ин соли хониши нав бошад онҳо дар бораи маданияти нутқ маълумот мегиранд.
Ҳаминро ҳам қайд намудан бамаврид аст, китобҳои дарсӣ барои фанҳои дигар ҳам тарҷима шуда, нашр гардиданд. Дар ин китобҳои дарсӣ навтарин дастовардҳои илму техника ва санадҳои муҳими таърихӣ ҷой гирифтаанд, ки хондани он барои омӯзгорон низ муфид мебошад.
Баҳри донишомӯзони синфҳои 1–ум, 2–юм, 4–ум ҳам барои соли таҳсили 2018–2019 китобҳои дарсӣ бо такмилу таҳрири нав чоп шуд. Як қатор камбудиҳои дар натиҷаи экспертизаҳо муайянгардида ислоҳ гардид. Боиси хурсандист, ки сафи донишомӯзони мактабҳои тоҷикӣ зиёд шуда, истодааст. Агар соли таҳсили 2015–2016 шумораи хонандагони синфи якум 6150 нафар бошанд, дар соли таҳсили нави имсола он ба 8000 нафар мерасад.
Омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои таълими миёнаи мамлакатамон дар офаридани барномаҳои нави таълим, коркардҳои дарсӣ саҳм гузошта истодаанд. Омӯзгорони мактаби рақами 17–и шаҳри Ангрени вилояти Тошканд Рухшона Абдуқодирова дар мавзӯи "Ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ" (соли 2017)ва Фирӯза Марипова дар мавзӯи "Эҷодиёти Мирзо Турсунзода" (соли 2018) дар Маркази милтимедия видеодарсҳо тайёр намуданд. Агар дигар омӯзгорони пешқадам ҳам дурии роҳро баҳона накарда дар тайёр кардани видеодарсҳо иштирок намоянд, шумораи аёниятҳои омӯзгорони забону адабиёти тоҷик ҳам меафзуд.
Барои соли таҳсили 2019–2020 нашри китобҳо барои донишомӯзони синфҳои 1, 3, ва 8,9 ба нақша гирифта шудааст. Он такрорҳое, ки дар китоби дарсии синфҳои 9–ум ва 11–ум ҳаст барҳам дода мешавад. Аз ҷониби як гурӯҳ омӯзгорон ва олимон таҳияи барномаҳои нави таълимии ба андозаҳои ҷаҳонӣ мувофиқ идома дорад.
Ба ҳамаи омӯзгороне, ки масъулияту машаққати ин касби пуршарафро ба зимма гирифта, ба фарзандони халқ сабақ медиҳанд комёбиҳо таманно дорем.

Асадулло ШУКУРОВ,
услубшиноси забон ва адабиёти тоҷики Маркази таълими Республика


Дата добавления: 24/08/2018 15:03;   Просмотров: 1206
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку