Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МО ХАТМКУНАНДАГОНЕМ...

Ба забон гирифтани ин ибора бароям чӣ қадар гарон аст. Ин ҳолати маро онҳое эҳсос мекунанд, ки худ ба қадри мактабу муаллим расидаанд. Ҳарчанд имсол дар саҳни мактаб бароямон "Занги охир" садо надоду хонандагон бароямон ниятҳои нек гуфта, гулдастаҳо набахшиданд... Ҳарчанд устодонамон аз пасамон даст ба дуо набардоштанд. Бароямон хотирмон аст, ки дар соли хониши 2019-2020 мактабро хатм намудем.

Видеодарсҳоро ба тарзи онлайн тамошо карда, аз устодон дониш омӯхтем. Бо падару модар шеърхонӣ намуда, ба қавле қирраҳои "ноаён"-амон кашф шуд.
Барои бузургдошти шоири зиндаёд дар канали "Омӯзгори тоҷик" озмуни "Лоиқхонӣ" таҳти унвони "Ало, шеъри Аҷам , маро ту зинда хоҳӣ дошт!" эълон гардид. Ҳарчанд дар озмунҳои "Техникони ҷавон", "Суратгири наврас" ва "Ихтироъкори ҷавон" дар вилоят ғолиб гардида бошам ҳам, аз шеърхонӣ тарсидам. Чанд рӯз ба як қарор омада натавонистам. Ниҳоят рӯзи охирини озмун шеъри "Ҳаждаҳсолагӣ"-и Лоиқро қироат намуда, сабти аудиоро ба нишони озмун равона кардам.
Номи худро дар қатори иштирокдорони озмун дида, ба ҳаяҷон омадам. Бахусус, ин ҷумлаҳои ташкилотчиёни озмун маро ба худшиносиву худогоҳӣ даъват намуда, масъулиятнокиямро зиёд кард:
"Дар озмун 240 нафар иштирок карда истодаанд ва боиси рамзист, ки озмун бо шеърхонии ҳамноми Лоиқ - Лоиқ Ҳамидзода ба охир расид. Ин нишонаи он аст, ки Лоиқ абадзинда аст. Лоиқҳои зиёдеро модарони тоҷик парварида истодаанд..."
Аз ин суханон нерӯ ва илҳом гирифта, ба тарзи онлайн дар олимпиадаи фанни физика, ки байни хонандагони синфи 10-11-и мактабҳои таълими миёнаи умумӣ баргузор гардид, иштирок кардам. Дар ноҳия ҷойи дуввумро сазовор гардидам ва соҳиби сертификат шудам.
Ҳоло барои имтиҳони довлаталабонаи дохилшавӣ ба донишгоҳҳои олӣ тайёрӣ мебинам.
Ба як дидан ҳамааш хуб менамояд. Вале, вабои тоҷвирус, ки чун бало орзуҳои мо хатмкунандагонро поймол кард, илоҳо тезтар аз байн равад. Зеро тарзи онлайну интернет талаби замони нав бошад ҳам, чун китобхонӣ табиӣ нест. Ҳоло маро чунин ғам аст: агар донишгоҳро ҳам ба таври онлайн хондан рост ояд, чӣ мекарда бошам? Шаффофият куҷо меравад? Лаънат ба тоҷвирус ва карантини он!
Ба ҳар ҳол, ҳамсинфу ҳамсинну солонамро, ки хатмкунанда ҳастанд, бо садои занги охир, ки танҳо дилу дидаи мо қабул кард ва онро мо занги қалбҳо эълон кардем, табрик мегӯям.

Лоиқ ҲАМИДЗОДА, хатмкунандаи мактаби миёнаи таълими
умумии рақами 17


Последнее редактирование: 26/05/2020 18:27;   Просмотров: 708
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку