Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

«БАЧАРО АЗОБ НАДИҲЕМ» ё худ дар синфҳои ибтидоӣ ба кадом забон таълим гирифтан беҳтар аст?

Солҳо боз дар назди падару модарон ҳангоми ба синфи якум мондани фарзанди худ як савол пайдо мешавад: ба кадом забон таълим гирад?

Волидайн ҳуқуқи интихоби забони таълимро доранд, вале аз ин ҳуқуқ оқилона ва ояндаи фарзандро фикр карда истифода барем, мувофиқи мақсад аст. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти падару модарон дар ин бора на танҳо дониши кофӣ, ҳатто фикри мустақили худро надоранд. Онҳо ин масъаларо одатан ба дигарон тақлид карда, ҳал мекунанд. Аввало ҳар як волидайн аз имконияту шароити оилаи худ баромада бояд қарор қабул кунад. Дар ҷараёни интихоби забони таълим иштибоҳи падару модарон ба таълимгирии бачаи онҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, баъзе паҳлӯҳои ин муамморо муҳокима кунем, ба манфиати кор мешавад. Якум, кӯшиш бояд кард, ки бача дар синфи ибтидоӣ ба забоне, ки дар хона гуфтугӯ мекунанд, таълим гирад. Ин ба вай барои бо шароити таълим ва бо атрофиён бе душворӣ шинос шудан ёрии ҳаматарафа мерасонад. Вай тез савод мебарорад ва дарсҳои дигарро хуб аз худ мекунад. Қобилияти вай тез инкишоф меёбад ва комёбиҳо насибаш мешаванд. Зиёда аз ин аъзои оила дар расонидани ёрӣ ба иҷрои вазифаҳои хонагии ӯ душворӣ намекашанд. Вале солҳои охир тақлидкорӣ дар интихоби забони таълим дар синфҳои ибтидоӣ чунон авҷ гирифтааст, ки ин ба ҷараёни таълиму тарбияи бачаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Тасаввур кунед, ки волидайн барои таълими фарзандашон забонеро интихоб мекунанд, ки онро худашон намедонанд. Пас онҳо ба дарсазхудкунии ӯ чӣ хел кӯмак мерасонанд? Чунин бачаҳо дар даври пандемия, ки дарсҳо ба таври онлайн гузаштанд, хеле азият кашида, дониши хуб гирифта натавонистанд. Ин ба рӯҳияти онҳо таъсир ва ба хондан ба ҷои меҳр нафрат бедор кард. Азбаски муаммои интихоби дурусти забони таълим дар синфҳои ибтидоӣ ба ҷои кам шудан сол аз сол меафзояд ва ҳам барои баркамол ба воя расидани бачаҳо, ҳам ба самаранокии дарси омӯзгорон ва ҳам таълими хуби хонандагони тамоми синф мусоидат намекунад, вазири таълими халқ Шерзод Шерматов 9-уми июли соли равон дар брифинг ба падару модароне, ки дар интихоби забони таълим барои фарзанди худ дар синфи ибтидоӣ иштибоҳ мекунанд, бо он дар хона гуфтугӯ намекунанд ва онро ҳатто худи онҳо намедонанд, муносибат баён карда, гуфт, ки дар чунин ҳол бачаҳо аз рӯзҳои аввали таълим душворӣ мекашанд ва стресс мегиранд. Интихоби забони таълим дар синфҳои ибтидоӣ масъалаи хеле мухим буда, дар муайян кардани ояндаи хонанда нақши асосӣ дорад. Таҷрибаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки бачаҳои забони таълими ибтидоиро дуруст интихоб карда, дар ҳаёт бештар соҳиби комёбиҳо мешаванд. Аз ин рӯ, ҳам падару модарон, ҳам омӯзгорону шахсони масъул набояд ба ин масъала саҳлнигорона муносибат кунанд, ояндаи бачаҳо ба ин қарор сахт вобаста аст.

Г. САДРИДДИНЗОДА


Дата добавления: 26/09/2020 11:03;   Просмотров: 554
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку