Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси

Ҷамъият

Салим Кенҷа аз олам даргузашт

03-12-2021 10:33

Шоири маҳбуб ва маъруфи Самарқанд, омӯзгори собиқадор, марди дарёдилу эҷодкори сермаҳсул, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Ёзбекистон Салим Кенҷа аз олам даргузашт.

 

ДАР ФИКРИ «МАСКАНИ САБЗ»

26-11-2021 11:53

Барои ободу сарсабзгардонии масканҳо дар ҳамаи маҳаллаву муассисаҳо гулу ниҳолҳо мешинонанд.

 

МОДАРАМ ДУРӮҒГӮ БУД

26-11-2021 11:52

Модари писараки 8 солае вафот кард. Падараш зани дуввум гирифт.
Як рӯз падараш аз писарак пурсид:
- Писарам, ба назари ту фарқ байни модари аввал ва модари нават дар чӣ аст?

 

ФОИДАИ АГРОМАРАФОН

26-11-2021 11:35

Барои деҳқону фермерони ҷавон ва ҷавононе, ки ба хоҷагии қишлоқ шавқу ҳавас доранд, агро марафон - машварати деҳқонҷавонон ташкил гардид. Дар он шогирдони техникуми агробиотехнологии Гулобод низ иштирок намуданд.

 

НЕСТ БАХТЕ БЕҲТАР АЗ ДИДОРИ ДӮСТ

18-11-2021 14:13

Самарқанд аз қадимулайём то замони мо маркази тамаддун, адабу фарҳанг, илму маориф, таълиму тарбия буду ҳамин тавр хоҳад монд. Устод Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомиву Навоӣ, Туғралу Айнӣ, Ҳасан Ирфону Ҷавдат, Ориф Гулханию Васфӣ, Деҳотиву Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфию Фазлиддин Муҳаммадиев ва садҳо нобиғаи сухан маҳз бо муҳити созгори ин диёри шӯҳратёр пайвандии устувор доштанду баҳраҳои зиёди маънавӣ насибашон гаштааст. Ҷавонони бешумори мамлакат имрӯз ҳам барои гирифтани маълумоти олӣ ба даргоҳҳои маърифати Самарқанд майлу иштиёқи баланд зоҳир мекунанд.

 

ФАРЗАНДИ НАҒЗ – БОҒИ ПАДАР

18-11-2021 14:09

Мактаби миёнаи рақами 16-и деҳаи Ӯрташиқ яке аз таълимгоҳҳои машҳуру номдори на танҳо ноҳия, инчунин вилояту ҷумҳурият аст. Ҳоло дар макони илм беш аз 2 ҳазору 500 нафар фарзандони чанд маҳаллаҳои гирду атроф таълиму тарбия мегиранд. Аммо чӣ ҷои руст кардан аст, солҳои охир дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ коҳиш ёфтааст.

 

АЗ ПАИ ПАДАР

04-11-2021 10:30

Зинµор, ба µирфати падар кґш,
Дар дидаи мардум аз µунар їґш.
Ґар їо, ки равє, писанд оє,
Пеши µама сарбаланд оє.

 

ҲУСАЙНИВУ СОҲИБИВУ ДОРОӢ... ё худ сухане чанд дар боби ток ва ангур

04-11-2021 10:27

Токпарварӣ, яъне ангурпарварӣ яке аз бахшҳои боғдории анъанавӣ буда, дар ҳаёти мардум мавқеи махсус дорад.
Токи ангурро дар ҳавлӣ, дар боғчаҳои алоҳида ва болои талу теппаҳо парвариш мекунанд. Дар ҳавлиҳо, маъмулан, барои парвариши ангур "воиш" (чайла, хавоза) месозанд. Инчунин дар боғҳо ба тариқи "ҷӯягӣ" ва дар талу теппаҳо ба тарзи "буттагӣ" низ парвариш мешавад. Барои афзоиши ток ё ниҳоли ангур аз шохи серҳосилу солим ба дарозии 40-70 см "қаламча" мегиранд.

 

КОР КУНАМ, ПУЛ НАМЕДИҲАНД!

29-10-2021 11:47

Имрӯзҳо ҳукумат барои ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ ғамхорӣ менамояд. Оилаҳои кабизоат аз рӯйи эҳтиёҷашон ба "Дафтари ҷавонон" ва "Дафтари бонувон" дароварда шудаанд. Барои онҳо ёрӣ расонида мешавад. Барои ҳунаромӯзии вакилони ин дафтарҳо курсҳои махсуси кӯтоҳмуддат ташкил гардидааст. Банкҳо низ барои ба роҳ мондани фаъолияти тадбиркориашон кредитҳои боимтиёз медиҳанд. Вале...

 

ҶАРАЁНИ СИЁСӢ АЗ НИГОҲИ ХОРИҶИЁН

29-10-2021 11:42

Рӯзи 24-уми октябри соли ҷорӣ аз соати 8.00 то 20.00 мардуми Ӯзбекистон дар интихоботи президенти ҷумҳурияти Ӯзбекистон иштирок кард. Шаҳрвандон дар мамлакатҳои хориҷӣ низ ба ин марҳилаи муҳим иштирок намуданд. Онҳое, ки имкони дар участкаи интихоботӣ рафтанро надоранд, дар хонаҳояшон овоз доданд. Шавкат Миромонович Мирзиёев бо 80,1 овоз дуюмбора Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон интихоб гардид.

 
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку