Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

НЕСТ БАХТЕ БЕҲТАР АЗ ДИДОРИ ДӮСТ

Самарқанд аз қадимулайём то замони мо маркази тамаддун, адабу фарҳанг, илму маориф, таълиму тарбия буду ҳамин тавр хоҳад монд. Устод Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомиву Навоӣ, Туғралу Айнӣ, Ҳасан Ирфону Ҷавдат, Ориф Гулханию Васфӣ, Деҳотиву Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфию Фазлиддин Муҳаммадиев ва садҳо нобиғаи сухан маҳз бо муҳити созгори ин диёри шӯҳратёр пайвандии устувор доштанду баҳраҳои зиёди маънавӣ насибашон гаштааст. Ҷавонони бешумори мамлакат имрӯз ҳам барои гирифтани маълумоти олӣ ба даргоҳҳои маърифати Самарқанд майлу иштиёқи баланд зоҳир мекунанд.

Барои исботи сухан далели қабул шудани 52 нафар (2 гурӯҳ. Соли 1968) толибилмони вилоятҳои Фарғонаву Ҷиззах (Дизак), Намангону Қашқадарё, Самарқанду Сурхандарё ва шаҳри Панҷакент дар курси якуми собиқ факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ кофист. Соли 1972 донишҷӯён - хатмкардагон диплом дар даст аз паи касби омӯзгорӣ ба манзилҳои худ ва ноҳияҳои дурдаст роҳ гирифтанд. Дар тӯли солҳои гузашта онҳо бо ҳамдигар ва устодони арҷманд вохӯриҳои ёдмони зиёде оростанд, ба тӯю маърака ва ҷашнҳои гуногуни оилавӣ ширкат варзиданд. Риштаҳои дӯстиву ҳамдилӣ мустаҳкам шуд, дидорбинӣ ба ҳукми анъана даромад.
Аммо, чуноне, ки мегӯянд: ғаму шодӣ, тӯю мотам паҳлӯи ҳам будааст. Аз байни онҳо то имрӯз 17 нафар ин ҷаҳонро падруд гуфта, ба Ҳақ пайвастанд (Ҷояшон фирдавси барин бод!)
Фироқи дӯстони ҳамсабақ боқимондаҳоро боз ҳам қаринтар гардонид.
Шанбеи нахустини моҳи ноябр мувофиқи аҳду паймон вохӯрии навбатӣ ба амал омад. Дар Регистони ободу мӯҳташам лаҳзаҳои гуворои дидор фаро расид, ки ба тасвираш қалам оҷиз аст. Бо сабабҳои беморӣ, сафари хориҷӣ ва узрҳои дигар як қисми онҳо омада натавонистанд.
Сӯҳбат, ҳазлу матоиба, мушоира, ёди воқеаҳои солҳои донишҷӯӣ маҳфилро маънову зинат бахшид. Ҳар кадоми ҳамнишинон гуфтаниҳои зиёде доштанду навбат мепоиданд. Бахтиёр Очилови қашқадарёгиву Очилбек Қуттиеви ҷиззахӣ таассуроти худро аз тамошои Самарқанди дилписанд нақл мекарданду Матлуба Нурқуловаю Саноат Холиқоваи самарқандӣ бо табъи шоириву ҳунарҳои дастӣ ҳозиронро ба ҳайрат оварданд. Абдусаломакаву Собираи дорои маърифати динӣ бо тиловати оятҳои қудсӣ рӯҳи гузаштагонро шоду қалби ҳозиронро мунаввар намуданд. Гулчеҳра Мухтороваю Сайёра Фаттоева дар ташкили ҳамоиши деринтизор саҳмгузор шуанд. Дигарҳо низ бо суханҳои саршори самимият ва шукргузории ин дамҳои ғанимат ҳамаро ба вохӯриҳои оянда дилгарм карданд.
Ҷамоаи тарабхонаи навбунёди "Қаҳрамон шашлик" воқеъ дар наздикии ёдгории таърихии Хоҷа Абдуи Берун бо таомҳои лазизу маданияти баланди хизмати ходимони чаққонаш Улуғбек, Рустам, Рамз, Зафар бо сарварии Қаҳрамон Обидов моро гарму ҷӯшон истиқбол гирифта, ба таҳсину дуои нек ноил гаштанд.
Соли оянда ҷашни 50-солагии хатми донишкадаро дар сатҳи баланди ҳамкориву муташаккилӣ гузаронидан ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Нияти нек ними давлат гуфтаанд, ки бо инояти Офаридгор муродамон ҳосил хоҳад шуд. То боздид, дӯстони азиз!

МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 18/11/2021 14:13;   Просмотров: 392
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку