Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҲУСАЙНИВУ СОҲИБИВУ ДОРОӢ... ё худ сухане чанд дар боби ток ва ангур

Токпарварӣ, яъне ангурпарварӣ яке аз бахшҳои боғдории анъанавӣ буда, дар ҳаёти мардум мавқеи махсус дорад.
Токи ангурро дар ҳавлӣ, дар боғчаҳои алоҳида ва болои талу теппаҳо парвариш мекунанд. Дар ҳавлиҳо, маъмулан, барои парвариши ангур "воиш" (чайла, хавоза) месозанд. Инчунин дар боғҳо ба тариқи "ҷӯягӣ" ва дар талу теппаҳо ба тарзи "буттагӣ" низ парвариш мешавад. Барои афзоиши ток ё ниҳоли ангур аз шохи серҳосилу солим ба дарозии 40-70 см "қаламча" мегиранд.

Қаламчаро дар фасли тирамоҳ ё оғози баҳор ҳангоми токбурӣ гирифта, ба замини нарму порудодашуда мегӯронанд. Қисми асосии қаламча зери хок меравад, танҳо ду-се чашмакаш барои сабзидан аз хок берун мемонад. Ниҳоли сабзидаро баъд аз як-ду сол ба ҷойи матлуб мекӯчонанд. Ангур нигоҳубини махсусро талаб менамояд. Дар аввали баҳор шохчаҳои барзиёдашро мебуранд, пӯстлохи токро канда, бехашро сафед менамоянд. Вақте ки ангур аз гул фаромад ва ғурра баст, баргҳои зиёдатӣ ва навдаҳои хомашро мекананд, ки ин амалро "хомток" меноманд. Токбурии дуюмро "нӯгтокӣ" мегӯянд, ки вақти пухтани ҳосил барои сарф шудани қувваи асосӣ ба меваҳо анҷом медиҳанд. Дар Самарқанд аз қадим токҳои ангурро боғбонҳо се маротиба об медоданд: бори аввал дар вақти гулкунӣ, бори дувум дар нимаҳои тобистон ва дафъаи севум вақте ки ангурҳо пухта мерасанд.
Токро дар ҳама гуна замин, бахусус лалмӣ ва санглоху шағалзор ва қисман шӯразор низ парвариш мекунанд. Дар заминҳои обии санглох, шағалзор ва лалмие, ки даромади дигар зироатҳо хароҷотро намепӯшонад, токзорҳо ҳосили хушсифат ва даромади зиёд медиҳанд. Токзор, ба истиснои баъзе дарахтони мевадиҳанда ва зироатҳои бисёрсола, ҳар сол ҳосил медиҳад. Аҳамияти муҳими экологии токпарварӣ дар он аст, ки дар кӯҳҳо, доманакӯҳҳо ва теппаҳо, дар ҳолати уфуқӣ ҷойгир кардани қаторҳо, пеши роҳи шуста шудани заминро мегиранд ва тавассути патакрешаҳои худ мустаҳкам мекунанд. Аксари зироатҳои бисёрсола хусусияти "ватандорӣ" доранд, яъне дар як иқлим ҳосил медиҳанду дар иқлими дигар ҳатто нашъунамои хуб намекунанд. Танҳо токи ангур дар баландиҳои то 2000 метр ва аз он баланд то пастиҳои лаби баҳрҳо, дар ҳама гуна релеф ва таркиби он ҳосили дилхоҳ дода метавонад. Аҳамияти иқтисодии онҳо дар истеҳсолот низ чашмрас аст. Агар ҳосилнокии баланд (аз 1 гектар то 200-250 сентнер) имкони гирифтани даромади калон дошта бошад, чун зироати тамомисолӣ даҳҳо ва садҳо нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин менамояд. Мавизҳои офтобиву соягӣ ва обиҷӯшӣ низ аз ангурҳои босифат рӯи дастархон меояд.

Орзуқул МАНСУРОВ,
собиқадори соҳаи хоҷагии қишлоқ, агроном.


Дата добавления: 04/11/2021 10:27;   Просмотров: 466
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку