Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МОДАРАМ ДУРӮҒГӮ БУД

Модари писараки 8 солае вафот кард. Падараш зани дуввум гирифт.
Як рӯз падараш аз писарак пурсид:
- Писарам, ба назари ту фарқ байни модари аввал ва модари нават дар чӣ аст?

Писарбача ҷавоб дод:
- Модари аввалаам дурӯғгӯ буд, аммо модари навам ростгӯ аст.
Падар бо тааҷҷуб пурсид:
- Чӣ гуна, писарам?
Гуфт:
- Аввал агар шӯхӣ мекардам ва ё модарамро азият медодам, модарам мегуфт, агар азият кунӣ, туро хӯрок намедиҳам. Вале боз ҳам ман шӯхиву азият мекардам, боз модарам маро дар тамоми деҳа ҷустуҷӯ карда, ба хона оварда хӯрок медод.
Аммо ҳоло агар шӯхӣ ё азият кунам, модари навам мегӯяд: агар ин корҳоятро бас накунӣ, туро хӯрок намедиҳам. Ӯ рост мегӯяд. Ҳоло ду рӯз мешавад, ки ман хӯрок нахӯрдааму гурусна ҳастам.


Дата добавления: 26/11/2021 11:52;   Просмотров: 386
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку