Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФАРЗАНДИ НАҒЗ – БОҒИ ПАДАР

Мактаби миёнаи рақами 16-и деҳаи Ӯрташиқ яке аз таълимгоҳҳои машҳуру номдори на танҳо ноҳия, инчунин вилояту ҷумҳурият аст. Ҳоло дар макони илм беш аз 2 ҳазору 500 нафар фарзандони чанд маҳаллаҳои гирду атроф таълиму тарбия мегиранд. Аммо чӣ ҷои руст кардан аст, солҳои охир дохил шудани хатмкунандагон ба мактабҳои олӣ коҳиш ёфтааст.

Хӯш, чӣ бояд кард, ки нишондод беҳтар гардад? Ҷамъомади навбатии волидайн ба ҳамин масъала бахшида шуд. Ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия Фарида Аҳмадова доир ба ҷамъбасти чоряки якуми соли таҳсили равон ҳисобот дод. Нотиқ диққати ҳозиронро ба масъалаи ҳамкории падару модарон бо мактаб ва беҳдошти сатҳи дониши талабагон ҷалб намуд.
- Мо ҳар пагоҳӣ хонандагонро аз назорат мегузаронем, - барафзуд Фарида Аҳмадова. - тааҷҷуби назоратчиён аз он аст, ки баъзе толибилмон гӯё китоби дарсиро "фаромӯш" мекунанд, вале телефони дастиро не. Хоҳиш мекардам, ки волидайн ба ин муаммо аҳамият диҳанд. Зеро ҳушу ёди фарзанду наберагон ба телефонбозӣ нигаронида шудааст.
- Боз як муаммои калон, - иброз дошт муҳаррири рӯзномаи "Гулобод тонги" Нормурод Каримзода, - асарҳои бадеӣ ва матбуоти давриро мутолиа накардани падару модарон аст. Дар урфият "парранда дар лона дидаашро пайравӣ мекунад" мегӯянд. Агар онҳо ба мутолиа шавқ пайдо кунанд, нуран аъло нур мебуд. Масалан, ҳозир маъракаи обуна оғоз ёфт, лекин на ҳама ба ин маърака аҳамият медиҳад.
Сипас аз номи волидайн Неъмат Ҳамдамов, Ҳабиба Ҳақбердиева, Гулчаман Сатторова, Гулчеҳра Шомуродова ва дигарон ба сухан баромада, оиди беталафот гузаронидани фасли зимистон ва дар ҳалли муаммоҳои он саҳмгузор гардидани худ ваъда доданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли ду соат бисёр масъалаҳои таълиму тарбия баррасӣ гардид. Нотиқон таъкид карданд, ки ба омӯзиши илму адаб ҷалб намудани фарзандон дар мактаб омӯзгорон, дар оила волидон ҷавобгаранд.
Фаромӯш накунем, ки бузургон насиҳат кардаанд:
Фарзанди нағз - боғи падар,
Фарзанди бад - доғи падар.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.


Дата добавления: 18/11/2021 14:09;   Просмотров: 377
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку