Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ФОИДАИ АГРОМАРАФОН

Барои деҳқону фермерони ҷавон ва ҷавононе, ки ба хоҷагии қишлоқ шавқу ҳавас доранд, агро марафон - машварати деҳқонҷавонон ташкил гардид. Дар он шогирдони техникуми агробиотехнологии Гулобод низ иштирок намуданд.

Тадбир аз агрокомплекси "ВOGBON"-и ноҳияи Ҷомбой оғоз гардид. Иштирокдорон бо фаъолияти шӯъбаҳои "In vitro laboratoriya", "Агромаркет", лабораторияҳои хок, об ва барг, сехи истеҳсоли нуриҳои маъданӣ, гармхонаҳои комплекс шинос шуданд. Роҳбари агрокомплекс Элбой Бозоров ба иштирокдорон дар бораи корҳои агрономӣ маълумот дод.
Дар маҷмӯа бо ҷонишини ҳокими вилоят доир ба масъалаҳои кишоварзӣ Фирӯз Абилов вохӯрӣ ба амал омад. Ф. Абилов ба ҳозирон оид ба рушд ва ислоҳоти соҳаи аграрӣ, бехавфии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва ғайра ҳарф зад.
Сипас, иштирокдорони марафон дар маҷмӯаи чорвопарварии "Pure Milky"-и маҳаллаи "Оқ олтин"-и ноҳия шуданд. Дар он ҷо бо парвариши чорвои зоти амрикоии "Голштейн" шинос гаштанд. Ҳоло дар ин ҷо 1100 сар гови ҷӯшоӣ ва 1700 сар гӯсоларо парвариш мекунанд. Коргузори маҷмӯа Нуриддин Сатторов ба ҷавонон оиди асрори парвариши чорво маълумот дод.
Иштирокдоронро бо фаъолияти "Маркази логистика"-и ҶММ-и "Мароқанд мева сабзавот"-и ноҳияи Ҷомбой низ шинос карданд. Роҳбари ҷамъият Ш.Шодибоев гуфт, ки дар 2150 гектар боғ (110 гектараш боғи интенсивӣ) беш аз 10 навъ ниҳолҳои мевадор парвариш карда мешавад.
Иштирокдорон яхдони замонавии бузургҳаҷми маркази логистикаро аз назар гузарониданд. Таъкид гардид, ки соле ба миқдори 4 миллион доллар маҳсулот ба давлатҳои Қазоқистон, Россия, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Афғонистон экспорт карда мешавад.
- Дар марафон иштирок намуда, шавқмандиам дар ин соҳа зиёд шуд, - гуфт талабаи курси дуюми техникуми агробиотехнологияи Гулобод Улуғбек Абдуҳакимов - мутахассисон ба мо маълумоти муфид ва маслиҳатҳо доданд. Ният намудам, ки картошкаи навъи "Батат"-ро парвариш намоям. Гуфтанд, ки ин навъи картошка ба тарзи неш занонидан не, балки дар гармхона ба воситаи қаламча зиёд карда мешудааст. Аз як қаламча 6-8 килограмм ҳосил гирифтан мумкин будааст.
Дар маҷлисгоҳи Агентии корҳои ҷавонони вилоят бошад, бо иштироки роҳбарони Садорати хоҷагии қишлоқи вилоят, олимони соҳаи хоҷагии қишлоқ семинар-тренинг ба амал омад. Мутахассис ва олимон ба ҳозирон дар бораи муваффақият ва камбудии соҳаи аграрӣ, рушду ислоҳоти соҳа, мақсади ташкили чунин тадбирҳо ва ғайра ҳарф зада, ба саволҳои ҷавонон посух доданд.

Лоиқ ҲАМИДЗОДА.


Дата добавления: 26/11/2021 11:35;   Просмотров: 376
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку