Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАНГИ ТАҚДИРСОЗ

Имрӯз дар саҳни тамоми мактабҳои мамлакати соҳибистиқлоламон занги охир садо дод. Ин тантанаи тақдирсоз устоду шогирдони дабиристонҳои ноҳияи моро низ ба андеша водор сохт. Зеро садои тақдирсози зангӯла хонандагони синфи IX ва синфи XI-ро аз мактаби ҷонаҷонаш ҳамчун хатмкунанда боли парвоз ва дасти дуо бахшид.

Акнун хатмкунандагони синфи IX-ро ду роҳ дар пеш аст. Гурӯҳе хоҳад, дар мактаби худ таҳсилро давом медиҳад, гурӯҳе довталаби коллеҷ ва литсейҳои ихтисосонидашуда мегарданд.
Вале пеш аз аз синф ба синф гузаштан ё худ хатми мактаб бо имтиҳонҳо рӯ ба рӯ меоянд.
Мувофиқи фармони 51-уми Вазири таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз таърихи 28-уми феврали соли 2018 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои ниҳоии назорат» хатмкунандагони синфи 5, 8 ва 10 имтиҳонҳоро дар шакли даҳонии иншо ва назорати тестӣ аз синф ба синф гузаранда, хатмкунандагони синфи 9 ва 11 имтиҳонҳои ниҳоии аттестатсияи давлатӣ месупоранд.
Ба ғунчаҳои умед зафар ёр бод!

Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 25/05/2018 15:46;   Просмотров: 1147
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку