Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЗАБОНИ МАН – ҶАҲОНИ МАН

Ҷамъомади навбатии иттиҳодияи услубии омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои таълими умумии ноҳия дар мактаби рақами 35 барпо шуд. Иштирокдорони ҷамъомад аввал дарси кушоди омӯзгори мактаб Сарвинисо Зиёеваро дар синфи 8 аз назар гузарониданд.

Мавзӯйи дарс “Маълумот дар бораи тазкира” буд. Омӯзгор қисмҳои пурсиши вазифаи хонагӣ, баёни мавзӯйи нав ва мустаҳкамкунии мавзӯъро ба тарзи хос ташкил намуд. Дар ҷараёни дарс методҳои интер-фаъол, пластер, бинго, сандуқчаи ҷавоҳирот ва бозии заковат мавриди истифода қарор ёфт.

Омӯзгори мактаб Зокир Шамсиев низ дар синфи 6 дар мавзӯйи “Маълумот дар бораи шумора” дарси кушод гузаронд. Вай ҳам аз технологияҳои замонавӣ пурсамар истифода бурд.

Сипас, шогирдони мактаб бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Заҳириддин Муҳаммад Бобур барномаи омоданамудаашонро пешкаши меҳмонон гардониданд.

Инчунин, базми “Шоҳномахонӣ” ташкил гардид. Хонандагон ду саҳнаро аз достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ тайёр намуда, нақшҳоро бо маҳорати баланд бозиданд. Лафзи равону овози ширадори шоҳномахонҳои ҷавон ҳозиронро ба ваҷд овард.

Дар охир ҳуҷҷатҳои меъёрӣ аз назар гузаронида шуд. Омӯзгорон оиди ташкили дарси намунавӣ, истифода аз технологияҳои замонавӣ ва дар рӯҳи ватанпарвариву адабиётдӯстӣ тарбия намудани насли наврас супоришҳо гирифтанд.

С. НАРЗУЛЛОЕВА


Дата добавления: 24/02/2017 14:53;   Просмотров: 1504
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку