Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ёде аз АФАНДИИ САМАРҚАНДӢ

Устоди шодравон, журналисти касбии рӯзномаи мо Абдусалом Муҳаммадалиевро дар Самарқанд чунин ном мебурданд. Ӯ ҳамчун журналисти шинохта муаллифи чанд китобҳост. Шеъру ҳикоя ва асарҳои ҳаҷвиаш дар матбуоти ҷумҳурият, бахусус журнали «Муштум» чоп шудааст. Вай 11-уми декабри соли 1939 дар маҳаллаи Талибарзу ба дунё омадааст ва турбаташ низ дар теппаи Талибарзуст.

КАДОМИН БАЛО ?!
Дар бозори деҳқонии Сиёб бо шодравон Абдусалом Муҳаммадалиев рӯ ба рӯ омадам ва бо баҳонаи як пиёла чой ба ошхона даромада, дар бораи матбуоту адабиёт сӯҳбат кардем. Пешхизмат баъди овардани хӯрок бо ишораи камина арақу газак низ овард. Сӯҳбатамон қаймоқ баст. Баъди бардоштани қадаҳи дуюм:
- Абдусаломака, агар аз он дарвозаи бозор медаромадам нағз буд-дия. - гуфтам.
Сабаб пурсиданд:
- Агар аз дигар дарвозаи бозор медаромадам, шуморо намедидам ва аз ин заҳри қотил наменӯшидам.
- Ман ҳам аз дигар дарвоза медаромадам, шуморо дида, ба бало вонамехӯрдам ва сархуш намешудам, - ҳозирҷавобӣ карданд устод.
Акнун ман дар андеша мондам, ки Абдусаломака маро бало гуфтанд ё шаробро?!
ПИЁЗ ДАРКОР-МӢ?!
Дар куҷое, ки бо Абдусаломака вохӯрем, «Пиёз ҳаст, даркор-мӣ?» гӯён ҳазл менамудем.
Сӯҳбати гирди дастархон бо Абдусалом Муҳаммадалиев басо хуш мегузашт. Аз ин рӯ, ҳар гоҳе дил мехост, ки бо ин устоди сухан сӯҳбати маҳрамона дошта бошад. Яке аз чунин сӯҳбатҳои мо дар лаби чашмаи машҳури маҳали Дарвозаи Хоҷа Аҳрори шаҳр мегузашт. Кабобу шароб сӯҳбати моро дилангезтар менамуд. Яке дар шафатамон ҷавони 35-40-сола нишаста, гуфт, ки суханҳои шумо, ки аз шеъру адаб аст, ба ман хеле писанд омад. Мехоҳам чанд лаҳза бо шумо бошам. Ӯ худ ба худ суханҳои подарҳаво, шеърҳои нимкора мегуфту сарашро аз кабобу шароб боло намекард. Чунин шуд, ки дар охир ҳаққи дастархонро, ки супоришгари асосӣ ӯ буд, мо супурдем. Вақти хашрухуш гуфт, ки ман сардори базаи пиёзфурӯшӣ ҳастам. Дар вақти дилхоҳатон омада, чанд халта, ки хоҳед, пиёз бурданатон мумкин. Рӯзе роҳамон аз назди он базае, ки ҷавон таърифаш намуда буд, гузашт. Бо чашми сар дидем, ки он «сардор»-и пиёз гоҳ алаф медаравиду гаҳе халтаҳои аз пиёзҳои пӯсида кабудгаштаро пушораву кашолакунон ба ахлот мебурд. Пас ба ҳамдигар нигаристему гуфтем: «Пиёз даркор-мӣ?!»
ИЗЗАТИ МУАЛЛИМ
Дар яке аз мактабҳои ноҳия ба муносибати ба нафақа гусел намудани якбора 14 нафар муаллим тадбири маърифатӣ баргузор гардид. Дар он дастархони пурнозу неъмате низ густурда шуда буд. Мавҷи табрикот, савту суруд басо дилрабо буд. Директори ҳамонвақтаи мактаб аз Абдусалом Муҳаммадалиев илтимос намуд, ки фикри худро дар бораи ин маърака баён созад.
- Муаллимаи азиз, бисёр ташаккур, ки иззати муаллимонро ба ҷо овардед. Вале якбора барои 14 нафар дастархон оростан шарт набуд...
Ҳанӯз сухани Абдусаломака поён наёфта, директори мактаб садо баровард:
- Муаллимҷон, инҳо меарзанд, хизматҳои калон кардаанд...
- Не, ман маърака накунед, гуфтанӣ нестам, балки агар ба ҳар яки инҳо чунин дастархон меоростед, чордаҳ рӯз зиёфат мехӯрдем-дия!
Баробари шунидани лутфи Абдусаломака аҳли толор қоҳ-қоҳ заданд.

Илҳом МУСТАФОҚУЛОВ,
собиқадори маориф


Последнее редактирование: 03/07/2018 15:50;   Просмотров: 1116
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку