Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Ҷашни шоҲ ва шоир

Зодрӯзи арбоби давлат, симои бузурги адабиёти мумтоз, таърихнигор, географ, саркардаи боистеъдод, асосгузори сулолаи бобуриҳо дар Ҳиндустон, шаҳзодаи Темурӣ Заҳириддин Муҳаммад Бобур дар муассисаҳои таълимиву корхонаву ташкилотҳо васеъ ҷашн гирифта шуд.

Дар коллеҷи касбиву ҳунарии иҷтимоиву иқтисодии Гулобод низ бахшида ба ин сана тадбир баргузор гардид. Онро омӯзгори тоифаи олии коллеҷ Норқул Нишонов кушода, дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши Бобур сухан кард. Сармуҳаррири рӯзномаи «Гулобод тонги», дорандаи ҷоизаи 525-солагии Алишер Навоӣ, шоир Нормурод Каримзода оиди аҳамияти «Бобурнома» изҳори ақида намуд. Шеъри Хуршед Давронро оиди соҳибҷашн дар тарҷимаи шоири номии Тоҷикистон Камол Насрулло қироат кард.
Сипас, аъзоёни клуби «Эҷодкорони ҷавон»-и коллеҷ барномаи адабиву мусиқиро пешкаши ҳозирон гардониданд.

Д.НАСИМОВА
Аксбардор Б.КОДИРОВ


Последнее редактирование: 16/02/2018 15:20;   Просмотров: 1241
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку