Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ҶАБРИ УСТОД БЕҲ ЗИ МЕҲРИ ПАДАР

ё худ дар баёни масъалае, ки ҳаллаш ҳатмист

- Фаҳмидед, дигар муаллимонро ба ҳашари пахта намебурдаанд...
- Шунидед, маоши омӯзгори асил то ду миллион сӯм мерасад...
- Мактабҳо соҳиби бино, иншоот ва технологияҳои замонавӣ мегарданд...
- Акнун мактаб ва кӯдакистонҳои хусусӣ ҳам ба кор сар мекунанд...
Барҳақ, бо ғамхории Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба соҳаи таълими халқ эътибори ҷудогона дода мешавад. Халқ ҳамаи инро бо чашми сар мебинаду бо ақлу фаҳм эҳсос менамояд.
Масъалаи муҳиме, ки маро чун як нафар дилсӯзи таълими халқ ба ташвиш меорад, аз мактаб дур гардидани муаллимони мард мебошад. Дуруст аст, ки дар байн маоши муаллимон паст рафт, либоспӯшии аксар хонандагон аз устоди худ кироитар гардид. Бар замми ин муаллим ба талабагон бо овози баланд ё тарсакие танбеҳ дода наметавонист.
Ҳоло, ки давлату ҳукумат ҳамаи мустаҳкамии базаи моддиву техникии таълимгоҳҳоро ба зимма гирифта, бо саъю эҳтимоми комил аз пайи ободонист, чӣ ҳоҷати забонкӯтоҳӣ аз хонандаву падару модари ӯ?
Акнун бояд дар ҳар мактаби миёна камаш 10-15 нафар мардҳо кор баранд. Ҳоло, ки таълими 11-сола барқарор шуд, қаду басти шогирдон, овозу хислати онҳо низ якбора тағйир меёбад. Барои таълиму тарбияи онҳо муаллимони муҳтадир низ лозим. Саъдии бузург фармуда:
Чун муаллим шавад беозор,
Бачаҳо хирсак бозанду синфхона шавад бозор.
Чи тавре, ки дар оила падар мавқеи муҳимро соҳиб аст, дар мактаб низ муаллим нақши асосӣ дорад.
Ҳоло, ки синфхонаҳо бо компютеру ашёҳои технологии таълимии пурқимат ҷиҳозонида шудааст, муаллими пуртаҷриба лозим. Боз либосҳои якранги хонандагон имкон медиҳад, ки усули таълимдиҳӣ тараққӣ ёбад.
Хулоса, дил мехоҳад, муаллимони касбии мард ба мактабҳо ҷой гиранду кор баранд, аз фоида холӣ нест. Боз ба Шайх Саъдӣ рӯй меорем:

Подшоҳе писар ба мактаб дод,
Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод,
Бар сари лавҳи ӯ навишта ба зар,
Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар.

Дилрабо НАСИМӢ, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон


Последнее редактирование: 20/10/2017 10:29;   Просмотров: 2095
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку