Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

УСУЛҲОИ ОМӮЗИШИ ЗАБОН

Забони англисиро медонам ва мехоҳам онро ба фарзандонам аз хурдсолӣ ёд диҳам. Аммо душворӣ мекашам. Дар ин бора чӣ маслиҳат медиҳед?
Гулӣ НАҶМИЕВА

Ба фикри ман, барои бача устоди нахустин модар аст. Ҳоло талаб ба омӯзиши забони англисӣ калон мебошад. Хуб кардед, ки аз хурдсолӣ ба фарзандонатон забони англисиро омӯхтаниед. Зеро дониши дар бачагӣ андӯхта нақш дар санг аст. Ба бачаҳои хурдсол омӯзонидани забони англисӣ душвор ва бомасъулият аст. Ба хатогӣ роҳ додан мумкин нест. Ҳоло чанд усули ба хурдсолон омӯзонидани забони англисиро пешкаш менамоем:
- Ба воситаи суруд ва шеър фаҳмонидан. Калимаҳои душворро ба оҳанг дароварда, сароед, бача онро дар хотир нигоҳ медорад.
- Ба воситаи чистон. Бачаҳо ба чистонёбӣ шавқи баланд доранд. Аз ин рӯ, ба бача чистон гӯед ва талаб намоед, ки ҷавобашро ба забони англисӣ гӯяд. Бо ин усул ҳам бисёр калимаҳоро ёд мегирад.
- Ба воситаи органҳои ҳискунанда низ забони англисиро омӯзонидан мумкин. Масалан, органҳои шунавоӣ, биниш, таъмфаҳмӣ, бӯйкашӣ ва ғайра. Масалан, ба бача себро дода, рангаш, таъмаш. ҳаҷмашро ба забони англисӣ пурсед. Дар ин ҳолат бача мекӯшад дар бораи ранги себ (red ), бӯй (fregnant), таъм (tasty) маълумот диҳад. Бо ин усул маълумот дар хотираи бача нақш мебандад.
- Ба воситаи имову ишора. Ҳангоми фармудани ягон кор баробари талаффузи забони англисӣ имову ишора низ намоед. Масалан, ин ҷо биё (come here), китобро кушо (open the book), хезед (stand up), ба доска нигоҳ кунед (look at the blackboard) ва ғайраро бо имову ишора баён кунед, барои бача фаҳмо мешавад.
- Ба воситаи асбобҳои аёнӣ, плакатҳо ва китобҳо.
- Асбобҳои ҳар рӯз истифодабаранда. Масалан, дар (door,) китоб (book), стол(table), доска (blackboard) ,оина (window) ва ғайра.Ин чизҳоро бача ҳар рӯз мебинад ва зуд меомӯзад.
Бачаҳо кунҷков мешаванд. Онҳо аз чизи якхела зуд зиқ мешаванд. Аз ин рӯ, аз усулҳои гуногун истифода баред.

Фазилат САТТОРОВА,
омӯзгори тоифаи олии фанни
забони англисии коллеҷи педагогии Самарқанд


Последнее редактирование: 12/02/2018 13:38;   Просмотров: 1226
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку