Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ТУХМ КУҶО ШУД?

Рӯзҳои зимистон кӯтоҳ аст. Атрофро зуд пардаи торикӣ фаро мегирад. Як бегоҳ чароғи барқӣ хомӯш шуд. Завқиддину Шавқиддин бармаҳал ба хонаи худ даромаданд.

- Шавқиддин, ман гурусна мондам, - Шавқиддинро аз хоб бедор карда гуфт Завқиддин. – Биё, тухм пухта мехӯрем.

Шавқиддин ба соат нигарист: ақрабаки он 21.40-ро нишон медод.

- Ман намехӯрам, – ҷавоб дод Шавқиддин. – Агар хоҳӣ, бароят тухм меҷӯшонем.

Шавқиддин аз ошхона дар дегча об оварда, ду дона тухмро даруни он гузошт ва дегчаро болои печка монд. Завқиддин барои он ки тухм зудтар пазад, даруни печка ҳезум гузошт. Хона гарм шуд.

- Ман хоб меравам, - гуфт Шавқиддин. – Агар оби дегча ҷӯшад, тухмро гирифта хӯр!

Завқиддин каме интизор шуд, вале оби дегча ба зудӣ наҷӯшид. Боз ба печка ҳезум гузошта, даруни ҷойгаҳаш даромада, хобаш бурд.

Шавқиддину Завқиддин аз овози даҳшатноки ба ҳам бархӯрдани трубаҳо бедор шуданд. Завқиддин зуд ба даруни дегча нигарист: дар дегча як қатра ҳам об набуд. Фақат дар дохили он як дона тухми як тарафаш сӯхта меистод.

- Ие, якто тухм канӣ? Ту хӯрдӣ-а? – ба Шавқиддин бонг зад Завқиддин. Вай сӯйи бародараш бо нафрат нигариста, мехост бо ӯ ҷанг кунад. Зери лаб ким-чӣ гуфтанӣ мешуд.

- Куҷо шуд якто тухм? Намехӯрам гуфта будӣ-ку! – боз бо ғазаб аз Шавқиддин пурсид. Ин дафъа   гиряашро базӯр нигоҳ медошт.

- Тухмат ана! – ба боло ишора кард Шавқиддин, ки дар шифти хона зардии тухм часпида меистод ва сафедиаш дар деворҳо бархӯрда буданд. Дар фарш бошад, пӯстлохи тухм парешон мехобид.

Завқиддин бошад аз ҳайрат “чӣ тавр тухм онҷо баромад?” гӯён даҳонашро кушода монд.

Бачаҳо, оё шумо медонед, чаро ин тавр шуд?


Дата добавления: 06/01/2017 11:20;   Просмотров: 1511
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку