Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СУРАТИ РӮЙИ ДАФТАР

ифодагари «маданият» аст?!

Умр беҳад шитобон мегузарад. Гӯё дирӯзакак буд, ки мактабиён ҳамроҳи волидон ба Занги аввал – Рӯзи дониш тайёрӣ медиданд. Ташвишу тараддуди хариди ашёи хониш доимо дар назари онҳо қарор дошту дорад. Дар ин аёми хуш вазъияте, воқеае низ сабабгори дилсардии толибилм ва тарбиятгари ӯ мегардад. Масалан...
Беҳрӯз аз дарвозаи мактаб даромаду чизе ба хотираш расида, дар ҷояш истод. Дирӯз муаллими фанни таърих фармуда буд, ки мавзӯъҳои фанро дар дафтари умумии бисёрварақа нависанд. Беҳрӯз портфелашро кушода дид, ки дафтарро фаромӯш кардааст. Падараш «ба ягон чиз даркор мешавад» гӯён ба Беҳрӯз пул дода буд. Беҳрӯз ба дӯкони назди мактаб даромада, пурсид:
- Дафтари умумӣ ҳаст? Чанд пул?
- Ҳар хел, - ҷавоб дод фурӯшанда. – 1500, 2000 ва 3000-сӯмӣ. Аз кадомаш диҳам?
Падару модари Беҳрӯз ҳангоми харид ба як мақол амал мекарданд: «Арзон бе иллат намешавад, қимат бе ҳикмат».
- Якто дафтари 3000-сӯмӣ диҳед!
Фурӯшанда ба ӯ дафтари дар рӯяш суратҳои қаҳрамони сериали ҳиндии «Ба ту ошиқам» аксёфтаро дод.
- Холаҷон, дигар хел дафтари бисёрварақа нест? – дафтарро ба даст гирифта гуфт Беҳрӯз.
- Не, нест! ҳозир ҳамаи бачаҳо ҳамин хел дафтарро мехаранду ту ноз мекунӣ?! Ба ман халал нарасон!
Ҳамсинфонаш ба муқоваи дафтари Беҳрӯз бо ҳавас нигаристанд. Аммо муқоваи рӯйи дафтар ба Беҳрӯз маъқул нашуд. Дафтарро бо ягон ҳамсинфаш иваз карданӣ шуд, аммо қариб ҳамаи ҳамсинфонаш ҳамин хел дафтар доштанд ва суратҳоро байни худ муҳокима менамуданд…
Бегоҳ чашми падараш ба сурати рӯйи дафтар афтод ва аз Беҳрӯз пурсид:
- Ин сурати кист?
- Ишани ва Ранвир…
- Онҳо чӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд, ки ту сураташонро ҳамчун идеали ҳаётиат интихоб намудӣ?
- Ишани барои ҳабс нашудани Ранвир сухани дурӯғ гуфта, маҳбус шуд. Ӯро аз ҳабс озод карданд. Акнун вай худкушӣ кардан мехоҳад…
- Ин дафтарро аз назарам дур кун! – амр дод падар…
Дар ҳамаи дӯконҳои дафтарфурӯшӣ (ашёи хонишӣ) дафтарҳои дар муқовааш сурати қаҳрамони филми ҳиндӣ акс ёфта серхаридор аст. Ин гуна дафтарҳоро фурӯшандаҳо «реклама» ҳам мекунанд. Дафтар аз ҷиҳати сохт ва сифат бо дафтари 1500 сӯмӣ баробар бошад ҳам, онро 3000-сӯмӣ мефурӯшанд.
Хонандаи мактаб аз соҳиби чунин дафтар буданаш ифтихор мекунад. Тадбиркоре фоида мебинад. Модаре барои наранҷонидани фарзанди худ онро мехарад…
Мақсад аз чопи чунин муқова дидани фоида бошад, пас ба рӯйи дафтари ҳар фан сурати асосгузорони онро акс намоянд ва барои фаъолияти онҳо маълумот диҳанд. Хонанда баробари хариди дафтар дар бораи он фан тасаввурот пайдо мекунад ва дар дилаш нисбати гузаштагони худ ҳисси ифтихор пайдо мешавад.
Шумо ба ин чӣ мегӯед?

Д.ҒАФФОРДУХТ


Последнее редактирование: 08/06/2018 14:50;   Просмотров: 1142
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку