Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СОҲИБЭҲТИРОМ

Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,

Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

Ҳар дафъа муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Фирӯза Нуриддинова шогирдонро “паррончак” карда, хурдтараконро қабул карданӣ шавад, муаммои сарвари таълимгоҳ меафзояд. Зеро падару модарон аз ӯ бо исрор талаб мекунанд, ки фарзандонашон маҳз дар синфи Фирӯза Қутфиддиновна таҳсил гиранд.

- Шумоён фаҳмед,-мегӯяд Холида Шамсиддинова,-ҳар як синф меъёри қабули хонанда дорад. Мо қонунро вайрон карда наметавонем. Аммо волидайнҳои якрав бо роҳи ёру ошнобозӣ, ҳатто аз “боло” занг занонда кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷигаргӯшаи онҳоро Фирӯза Нуриддинова ба таълиму тарбияи худ гирад.

Соли хониши равон истисно нашуд. Директори мактаб ба ҳокимияти ноҳия ва Садорати таълими халқии вилоят мактуб навишта илтимос кард, ки барои сохтмони бинои иловагӣ кӯмак диҳанд.

Хушбахтона талаби ҷамоаи мактаб ва падару модарон ба инобат гирифта шуд.

-Агар синфхонаҳо бисёр шавад,-мегӯяд Холида Шамсиддинова,-барои Фирӯза Нуриддинова барин омӯзгорон дар ду баст дарс гузоштан шароит хоҳад шуд. Зеро дар маърӯзаи таҳлилӣ ва танқидии Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҷамъомади васеи Девони Вазирон дар назди мо, омӯзгорон вазифаҳои муҳим гузошта шуд. Бояд нақшаҳои таълим ва барнома бо ҷалби педагогҳои пуртаҷриба, ҷорӣ намудани нақшаҳои беҳтарини таълим талаби замон аст. Воқеан, муҳитеро ташаккул дод, ки он ба ҷараёни таълим, тарбияи камолоти маънавию маърифат ва арзишҳои ҳақиқӣ мусоидат намуд. Чӣ ҷои руст кардан аст, ҳамаи педагогҳои мактабҳо чун Фирӯза Нуриддинова ҷоннисор, навовар ва фидоии касби хеш нестанд. Дар мактаби олӣ таҳсил карда соҳиби диплом шудан ҳанӯз маънии соҳибмаърифат буданро надорад. Дар ҳар кор сидқу вафо, завқу шавқи баланд лозим. Кош дар матбуот, барномаҳои радио ва оинаи нилгун таҷрибаи муаллимони пешқадам бештар тарғибу ташвиқ мешуд.

Суханони сарвари таълимгоҳ такон доду ба синфи Фирӯза Қутфиддиновна омадем. Аввало он чиз диққати моро ба худ ҷалб кард, ки деворҳои утоқи дарсиро аксҳои адибони ҷаҳон, қоидаҳои имло, расмҳо аз афсонаҳои рус зебу зиннат ёфта буданд.

Гарчанд қариб сад фоиз талабаҳо фарзандони мардуми таҳҷоӣ буданд, ба забони русӣ хонда, навишта ва озод ҳарф зада метавонистанд.

Муаллима дар тӯли як дарс бо нисфи хонандагон саволу ҷавоб карда руҳбаланд месозад. Чуноне, ки мо мушоҳида кардем, машғулот ба таври бозиҳои шавқовар ҷараён мегирад, ки толибилмон дилгиру хаста намешаванд.

Табиати кӯдакон ба ҳама маълум. Муаллима руҳия, миҷоз, феълу атвори ҳар як шогирдашро ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таҳсил чуқур омӯхтааст, бо кӣ чӣ хел муомила карданро хуб медонад. Омӯзгори зираку рамузфаҳм бо ширинзабонию илтифот замина фароҳам меоварад, то шогирдон дар синф дар ҳузури “комиссия” худро озод ҳис кунанд. Ӯ ҳангоми пурсиш бо суханони “Офарин!”, “Бисёр нағз”, “Аъло” ва ғайра руҳияти писарчаву духтарчаҳои шармину ҳаяҷон пахш намударо мебардошт.

Меҳрубону Муҳаммад, Далеру Сабина, Давлату Марҷона, Искандару Шоҳина ва дигарон бебокона бо навбат шеърхонӣ, китобхонӣ, афсонагӯӣ карда моёнро ба ҳайрат гузоштанд.

Занги танаффус танинандоз гашт. Ва мо дар чеҳраи писарчаю духтарчаҳо ҳолати афсӯсро мушоҳида кардем. Аз имконият истифода бурда ба чанд пурсиши худ ҷавоб гирифтем.

–Солҳои таҳсил дар мактаби тоҷикии рақами 22-юми ба номи Садриддин Айнӣ ба адабиёти рус таваҷҷӯҳ пайдо карда будам,-гуфт Фирӯза Қутфиддиновна,-зеро муаллима Раиса Емелянова чунон дарс мегузаштанд, ки ҳама маҳлиё шуда бо диққат гӯш медодем. Он солҳо асарҳои Чехов, Толстой, Достоевский камчин буданд. Омӯзгори дурандеш аз китобхонаи шахсии худ повесту романҳои адибони русро барои мутолиа меоварданд ва мо, шогирдон бо навбат мехондем. Шояд муҳаббат ба адабиёти рус буд, ки соли 1979 каминаро ба факултаи филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Аз имтиҳоноти қабул сарбаландона гузашта номи донишҷӯйро гирифтам. Бо дипломи имтиёзнок чанд муддат дар мактаби рақами 33-юми деҳаи Равонак ба толибилмон аз адабиёт ва забони русӣ сабақ додам. Чанд муддат аст, ки дар мактаби рақами 10-ӯми ноҳия муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ҳастам. Зеро бо хурдтаракон кор кардан ҳаловат мебахшад.

Боиси ифтихор аст, ки ҳоло шогирдони бешумори Фирӯза Нуриддинова аз паси устод рафта касби муаллимиро гирифтаанд. Фарзандонаш Ситорабону ва Ойбек низ донишкадаи забонҳои хориҷиро хатм кардаанд.

Қаҳрамони лавҳаи мо Фирӯза Қутфиддиновна, ки меҳнатдӯстӣ, навоварӣ, суботкорӣ ҳаёташро пурмазмуну ширинтар мегардонад, дар байни ҷамоаи муаллимону падару модарон соҳибэҳтиром аст. Мо ба ӯ комёбиҳои нав ба нав таманно дорем.

З. ҲАСАНЗОДА

Дар акс: Фирӯза Нуриддинова ҳангоми гузаштани дарс


Дата добавления: 17/02/2017 09:59;   Просмотров: 1475
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку