Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

СЕҲРИ ЭҶОД

Инак, боз як маҷмӯаи нав, боз як меваи тозаи боғи эҷоди бадеӣ бо номи “Бо дуои модар” дар дастам, таҳти назар ва мутолиа, мавриди мулоҳиза қарор дорад, ки муаллифи он ба қавли адиби шинохта, дорандаи ҷоизаи давлатии Лоҳутӣ, бародари ҳамдиёру ҳаммактабам Адаш Истад “Баҳром Истамқулов аз онҳоест, ки ягон корро оғоз кардан хоҳанд, бо дасту дили гарм мечаспанд ва дар ҳама вазъият самимияти онон ҷӯш зада меистад, ба мисли он ки дар чойхонаҳо самоворҳо доим дар ҷӯшанд”.

Дарҳақиқат, Баҳромакаи соҳибзавқу дурандеш бо саъю кӯшиш ва ихлоси баланд силсилаи ҳикояҳои воқеӣ, мақолаҳо ва ҳаҷвияҳои намакини худро, ки солҳои гуногун иншо шудаанд, дар китоби мазкур гирд оварда, аз ҷониби нашриёти пешқадами пойтахт “Янги нашр” соли ҷорӣ ба табъ расонид. Муҳаррири масъули он адиб ва ношири маъруф Ҷаъфар Муҳаммад мебошад. Маводи маҷмӯаи рангин, хоно, таъсирбахш буда, забон ва услуби дилпазири муаллифро инъикос мекунад. Китобро саҳифа ба саҳифа мехонеду шоҳиди воқеаҳои ҷолиб, муносибатҳои ибратпазир ва баъзан ҳузнангези қаҳрамонон, ҳодисаҳои талху ширини рӯзгор, иллатҳои иҷтимоии давр, хислатҳои неку бади ҳамзамонон, андешаҳои пуробуранги нигоранда мешавед. Панду андарзҳои классикон, далелу бурҳонҳои ҳаётӣ, зарбулмасал ва мақолҳои халқӣ навиштаҳои муаллифро тақвият бахшида, дар маҷмӯъ аҳамияти калони тарбиявӣ-тарғиботӣ пайдо кардаанд. Масалан, “Агар дуои модарро нагирӣ”, “Тақдири инсон”, “Андарзҳои падарбузурги ман”, “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар”, “Дарси зиндагӣ”, “Дили бузурги модарам”, “Ҳифзи табиат”, “Касофати пули ҳаром”, “Нафси бад - балои ҷон”, “Дар чорсӯи зиндагӣ”, “Як кам дунё”, “Маҷлисбоз” ва ғайра паҳлӯҳои муҳими зиндагишиносии муаллифро таҷассум мекунанд, пафоси баланди публисистӣ доранду жанрҳои очерку ҳикояро ба хотир меоранд. Ин аз он далолат медиҳад, ки эҷодкор ба ҳар як суханаш бефарқ нест, ҳаётро дақиқона таҳқиқ кардааст, ба гуфтаҳояш шак надорад, талқинҳояш самимиву боварибахшанд. Албатта, меҳри баланд ба эҷод ӯро вориди майдони сухан кардааст. Хушбахтона, адабиёт ва публисистикаи Самарқанд дар симои Баҳром Истамқулови 70-сола минбаъд як суханвари фаъол, навгӯву навҷӯйро кашф хоҳад кард. Мо ба ин ҳарфи худ итминони қавӣ дорем. Омад ёр бод, Баҳромакаи азиз!

Н.МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 11/08/2017 18:31;   Просмотров: 1377
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку