Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САДОИ ЗАНГӮЛА ДАР КӮҲСОР

Мезанад зангӯла занги охирин,
Нуқта мемонад ба даври кӯдакӣ.
Занги охир муждагонӣ медиҳад,
Аз баҳори қисмати фардои мо...

Он пагоҳии фирӯз саҳни мактаби рақами 30-и деҳаи кӯҳистони Оҳалик низ чун базмгоҳ оро ёфта буд. Дар тантанаи «Хайр мактаб, салом коллеҷ!» ғайр аз 48 нафар хатмкунанда падару модарон, меҳмонону мизбонон низ ташриф фармуда буданд.
Базми бошукӯҳро сухандон Гулноза Фозилова ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сарвари таълимгоҳ Исмоил Ҷабборов дод.
- Мактаби мо соли 1976 бо ташаббуси марди накӯному накӯкор Ҳоҷӣ Соҳибназар Назаров, ки директори собиқ хоҷагии давлатии “50-солагии ИҶШС” (сонитар “Меҳровар”) буд, қад афрохт. Раҳматӣ Ҷаҳон Ҷамолов мудири аввал таъин гардида, барои пешравии таълимгоҳ саҳми арзанда гузошт, - гуфт Исмоил Шодмонович. - бо амри тақдир бист соли охир банда кори неки устодро идома медиҳам. Бояд таъкид намуд, ки собиқ хонандагони мо мактабҳои олиро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун адои вазифа мекунанд. Масалан, Фарух Ҳалимов сарвари деҳаи Оҳалики поён аст. Зафар Боймуҳаммедов ходими шӯъбаи таъминоти иҷтимоии ноҳия, Рустам Ёров, Тоҳир Муҳаммадиев, Азиз Ҳоҷимуҳаммедов тадбиркорони номдоранд, ки ҳамаи онҳо номаи камолро аз мактаби мо гирифтаанд. Имсол низ 48 нафар хатмкунанда баъди хатми мактаб ба 14 коллеҷу литсейҳои академӣ роҳхат гирифтаанд. Зеро дар мактаби мо сӣ нафар омӯзгор сабақ медиҳад, ки Интизор Ҳомидова, Дилшода Ҳакимова, Рухсора Ҷабборова,Шаҳноза Бозорова, Фарида Зоҳидова ва дигарон фахри мактаб ҳастанд.
Дар тадбир имом-хатиби деҳа Ҳоҷӣ Фахриддин Расулов, вакили ҳокимияти ноҳия, сардори идораи ободонӣ Шавкат Одилов, инспектори профилактика Сӯҳроб Шербеков, санъаткор Шамсиддин Шарофзода ва дигарон ба минбар баромада, хатмкунандагонро бо ин рӯзи саид ва мурод табрик гуфтанд.
Сипас, хатмкунандагон Шероз Раҷабӣ ва Нӯшоба Сафарбоева занги охиринро заданд. Ҳисси аҷибе хатмкунандагону ҳозиронро фаро гирифт. Ин лаҳзаҳо дар хотираи ҳар як хатмкунанда абадӣ нақш хоҳад баст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА
Аксбардор Баҳодури ЗОҲИР


Дата добавления: 02/06/2017 13:29;   Просмотров: 1475
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку