Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

САДОИ ЗАНГИ ОХИР

Инсон ҳар қадар солору пурармон шавад, боз мехоҳад, ки ба давраи наврасиву ҷавонӣ баргардад. Дафтари хотираҳояшро варақгардон намуда, ба он давраи беғубор сайр мекунад. Бахусус, давраи мактабхонӣ басо аҷиб аст. Хотираҳои ин давр дар ёди кас тамоми умр боқӣ мемонад.

Занги охир бурд моро ҳар куҷо аз ҳам ҷудо,
То ҳанӯзам гиряи занги ҷудоӣ дар дил аст.
Пас аз ин бо даъвати зангӯла ҳатто лаҳзае,
Назди мактабхона моро ҷамъ кардан мумкин аст.
Рӯзи 25-уми майи соли 1968 хатмкунандагони синфи 10 “В”-и мактаби миёнаи рақами 16-и ноҳияи Самар-қанд бо ҳам аҳд намуданд, ки ҳар моҳ дар ҳамин сана бо ҳам вомехӯранд. Ин анъана то ҳол давом дорад. Ҳамсинфон дар атрофи як пиёла чой ҷамъ шуда, ёди солҳои мактабхонӣ, давраи ғунучини пахта, имтиҳонсупорӣ мекунанд. Хислатҳои неки устоди аввалинашон Садорат Насимова, роҳбари синф Барнохон Исмоилова, А.Болшакова, Азизқул Остонақулов, Илҳом Ғиёсов ва дигар муаллимонро ба ёд меоранд. Аз марги нобаҳангоми ҳамсинфони азизашон Шавкат, Ибодулло, Шамсӣ, Толиб, Наим ғамгин гардида, хотираи онҳоро пос медоранд.
Сипас, оиди муваффақияту бахти оилавиашон ҳарф мезананд. Бо ҳамсинфони барӯмандашон ифтихор менамоянд. Бо ҷонишини сардухтури шифохонаи марказии ноҳия Замирахон Маъмурова, доктори фанҳои физика, профессор, корманди Пажӯҳишгоҳи илмии ядроии шаҳри Новосибирск Тоҳир Ҳасанов, аксбардори моҳир Шавкат Сафотиллоев (равонаш шод бод!), мухбири рӯзномаи ҷумҳуриятии “Овози тоҷик” дар вилояти Самарқанд Зоҳир Ҳасанзода, омӯзгорон Мавҷуда Ҳусейнова, Сабоҳат Ғаффорова, Шоира Бозорова, Самадҷон Содиқов, Тоҳирҷон Ҳакимов, ходимони савдо Ибодулло Убайдуллоев (руҳаш шод бод!) ҳисобчии кордон Муҳиба Содиқова ва дигарон меболанду мефахранд.
Хурсандиовар аст, ки соли 1968 мактаби миёнаи рақами 16-ро хонандагони чаҳор синф ба итмом расонида, 13 нафар соҳиби медали тилло ва як нафарашон медали нуқра гардиданд. Аз инҳо профессор, математики шинохта Аҳмадҷон Солеев, физик Тоҳир Олимов, шоир Нормурод Каримзода, омӯзгорони соҳибтаҷриба Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, Маматқул Султонмуродов, Фур-қат Бердиев, Муҳаббат Ҳомидова, Қурбонбибӣ Шарифова, Матлуба Баҳриева, духтурони ҳозиқ Эътибор Маъруфова, Назира Салоҳиддинова, Холида Тӯрақулова, тадбиркор, роҳбари “Ксерокопия - Ӯктамака” Ӯктам Ҳамидов ва дигарон шогирдони соҳибистеъдоди мактабанд.
Шогирдони мактаб дар ҳамаи тадбирҳои ноҳиявию вилоятӣ фаъол иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ба даст меоварданд. Дар бозиҳои варзишии “Хушҳолон ва зиракон”, “Стартҳои шавқовар” соҳиби ҷоизаҳои вилоятиву ҷумҳуриятӣ ва берун аз ҷумҳурият ҳам гардида буданд.
Соли оянда ба муносибати 50-солагии хатми мактаб ҷамъ меоем. Боз ёди ҷавонӣ мекунем. Ин анъана риштаи дӯстиву садоқати моро боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Камина солҳои зиёд ҳамчун мудири қисми илмии мактаби таълими умумии рақами 34-и ноҳия фаъолият доштам. Худ низ шогирдони зиёдро устодӣ намудам, ки онҳо устодони моҳири касби худанд. Амина Шарофиддинова, Сурайё Норматова, Флора Ҷабборова, Салим Орифов, Насиба Собирова, Интизор Ҳайдарова, Фар-ҳод Эргашев, Саодат Эшонқулова, Абдулло Меликов, Ҷаҳонгир Аҳадов аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамеша бо шогирдони худ ифтихор дорам, ки меҳанати чандинсолаи худ ва устодонам бесамар нарафт. Онҳо низ бо ҳамдигар анису меҳрубонанд.
Ҳар сол 25-уми май бароям ҳаяҷоновар аст. Шогирдони зиёде бо мактабу устодони азизашон хайрбод намуда, сӯйи оянда парвоз менамоянд. Мехостам садои занги охир бар дили ҳар хатмкунанда меҳру муҳаббатро боз ҳам мустаҳкам намояд...

Мунира ШАМСИДДИНОВА,
омӯзгори собиқадор


Дата добавления: 07/04/2017 15:17;   Просмотров: 1445
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку