Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ОЛАМИ БЕҒУБОР

Дар муассисаи таълими томактабии рақами 5-и ноҳия, воқеъ дар маҳаллаи Равонак иди Наврӯзи оламафрӯзро мутантан ҷашн гирифтанд.

Ҳар гурӯҳ бо роҳбарии мураббияҳо дастархони наврӯзиро бо таомҳои миллӣ оро доданд. Тарбиягирандагон урфу одат, сурудҳои халқӣ, арӯсбиёрону гаҳворабандон барин анъанаҳоро дар талқини кӯдакона пешкаши ҳозирон гардониданд.
- Насли наврасро аз хурдсолӣ дар рӯҳи ватандӯстиву меҳнатқаринӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия намудан вазифаи мост, - гуфт мудираи кӯдакистон Манзила Ниёзова. – Сабақи дар кӯдакӣ андӯхта мисли нақшест дар санг. Бачаҳо чизи дар хурдсолӣ ёд гирифтаашонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аз ин рӯ, мо аз хурдсолӣ ба онҳо оиди ҷашнҳои миллӣ, тарзи пухтани таомҳои наврӯзӣ ва урфу одатҳо маълумот медиҳем.
Барои хотирмон ва пурмазмун гузаштани тадбир мураббияҳо Фотима Турсунова, Нигина Наимова, Райҳона Наимова, Дилафрӯз Исматова ва Кубарро Раҷабова саҳми муносиб гузоштанд.
Рақсу суруди хурдтаракон ба ҳозирон кайфияти хуш бахшид. Писаракон бо шавқ бодбарак сохта, онҳоро дар осмон парвоз кунониданд. Он рӯз ҳозирон ҳамроҳи кӯдакон ба олами беғубори бачагӣ сайр намуданд.

Шоҳида БЕРДИЕВА


Последнее редактирование: 13/04/2018 15:40;   Просмотров: 1184
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку