Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Навои Наврӯз

Ин субҳи иди покӣ хуш накҳати вазида,

В-аз завқи ин тароват дил аз тараб тапида.

Сарсабз кишвари ман, гулпӯш боғу гулшан,

Андар миёни саҳро базме аҷаб расида.

Хушнуд марди деҳқон аз муждаи баҳорӣ,

Хушрангубӯву зебо Наврӯз қад кашида.

Нури Худо бирезад аз абр рӯйи сабза,

Олам аз ин саховат ҷонбахш орамида.

Матлуба НУРҚУЛОВА

ПАРВОЗИ “ПАРАСТУ”

Аз соли 1997 инҷониб дар мактаби таълими умумии рақами 33 маҳфили “Парасту” фаъолият дорад. Алҳол қариб бист нафар шогирдони мактаб, ки ба шеъру шоирӣ ҳавас доранду дӯстдорони каломи бадеъанд, аъзои маҳфил ҳастанд. Чанде аз дастпарварони маҳфили “Парасту” дар ҷамъият мартабаву мақоми худро пайдо намудаанд. Дар дили омӯзгорон Ирода Ҷӯраева, Манучеҳр Исмоилов, иқтисоддон Ворис Неъматов, тадбиркор Заршед Отамуродов маҳз ҳамин маҳфил завқи эҷодро бедор намудааст. Баланд бардоштани ҳисси ватанпарварӣ, муҳаббат ба забони модарӣ, тарғиби китобдӯстӣ мақсади асосии маҳфил ба шумор меравад. Чакидаи хомаи шогирдони имрӯзаи мактаби рақами 33 – аъзоёни маҳфили “Парасту”-ро пешкаши хонандагони рӯзнома мегардонем.

Шаҳло НАРЗУЛЛОЕВА, роҳбари маҳфил


Дата добавления: 24/03/2017 12:07;   Просмотров: 1423
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку