Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МУАЛЛИМАТОНРО МЕШИНОСЕД?

чаро хонандагон фамилияи омӯзгорашонро намедонанд?

Зане ба мактаб даромада, аз ду нафар хонандаи мактаб, ки вазифаи навбатдориро иҷро мекард, пурсид:

- Бачем, аз идораи муаллимон муаллима Ашӯроваро даъват кун...

- Ашӯрова кӣ? Аз кадом фан дарс медиҳанд?

- Муаллимаи фанни математикаро мегӯям. – гуфт зан.

- Намедонем. Мо Ашӯроваро намешиносем. – ҷавоб доданд духтаракон ва илова намуданд. – Шояд онҳо донанд.

Зан ҷониби хонандагони дигар рӯ овард.

- Фамилияи Лоламуаллима Ашӯрова не-мӣ? – пурсиданд писаракон аз ҳамдигар.

- “Келинчак” Ашӯрова набошад? – тахмин кард кадоме.

- “Келинчак” химик! Ба ин кас муаллими математика даркор.

- Ному фамилияи “Танноз” чӣ буд? Мабодо ҳамон Ашӯрова набошад?!

Хонандагон номи муаллимонро гуфтанд, аммо касе фамилияи омӯзгоронро намедонист.

Имрӯзҳо дар аксарияти мактабҳои шаҳр ё худ таълимашон ба забони русӣ мактабиён устодони худро масалан, Шаҳриёр Шодмонович, Гулҷаҳон Одиловна, ё    Фирӯза Ҳамдамовна гӯён даъват мекунанд. Шояд ин атвори хуб бошад. Зеро дар баъзе мактабҳои ноҳияҳо хонандагон  фамилияи омӯзгоронро намедонанд. Дар ғайб ба номи онҳо “муаллим” ҳамроҳ карда, “Лоламуаллима”, “Комилмуаллим” мегӯянд. Агар дар мактабҳо фамилияи баъзе омӯзгоронро пурсед, хонандагон намешиносанд. Аммо, лақабаш аз хотирашон намебарояд.

Одатан, бачаҳо шавқманд мешаванд. Мехоҳанд дар бораи омӯзгорашон бештар маълумот ҷамъ кунанд. Онҳо ба гуфтагӯйи омӯзгорон низ эътибор медиҳанд. Агар омӯзгорон номи якдигарро ба забон гирифта, сухан кунанд, шогирдон чӣ ном доштани омӯзгоронро ба якдигар мерасонанд. Дар натиҷа, шогирдон ба устодони худ пайравӣ намуда, фалончамуаллим гӯён муроҷиат менамоянд.

Аз ин рӯ, ҳангоми шиносоӣ бо хонандагон омӯзгор бояд ному насабашро гӯяд. Дар бораи худ маълумот диҳад. Дар вақти мулоқот бо ҳамкасбон “муаллим, муаллима” ё фамилияи якдигарро гуфта, муроҷиат кунанд, ҳурмати шогирдон ба онҳо меафзояд.   

Хонандаи азиз, ба фикри шумо номи омӯзгорро гуфтани шогирд хуб аст? Дар ин бора чӣ ақида доред?

Д. НАСИМӢ


Дата добавления: 06/01/2017 10:20;   Просмотров: 1502
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку