Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

Математика мушкилкушои ҳамаи фанҳост

Зангӯла садо доду толибилмони машғули сайру гашт ба дарси нав-батӣ даромаданд.

Дар як лаҳза ҳавлӣ ва долони мактабро хомӯшӣ фаро гирифт. Муаллимаи риёзӣ Сайёра Мирсаидова дар даст дафтару китоб ва журнал вориди синф шуд. Шогирдон ба ҳурмати устод аз ҷояшон хеста салом доданд. Муаллима алейк гирифт ва баъди ҳозиру ғоиб ба синф муроҷиат кард:

- Хӯш, вазифаи хонагӣ чӣ буд?

Қариб ҳама даст бардоштанд. Омӯзгор озмоишкорона ба ҳама як-як назар афканд. Ҳатто ду-се нафар сустхонҳо ба ҷавоб додан тайёр буданд. Ин бесабаб набуд, албатта. Чӣ ҷойи руст кардан, ки муаллима Мирсаидова нисбати вазифааш хеле сахтгир, ҷиддӣ ва масъулиятшинос аст. Соҳиби дониши баланд ва касбашро хеле дӯст медорад. Бинобар ин, ҳамкасбону шогирдонаш ӯро ҳурмату эҳтиром мекунанд. Математика фанни душвор, вале шавқовар аст. Омӯзгори соҳибтаҷриба Сайёра Мирсаидова тавонист, ки падидаҳои донишро дар замири писаракону духтаракон барангехта, муҳаббати он-ҳоро ба риёзӣ зиёд намояд. Воқеан, худи ӯ замоне дар ҳамин мактаб сабақ гирифт ва аз устодонаш Ӯғулой Нуриддинова, Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ, Майсара Раҳматова, Фарида Аҳмадова ва дигарон бисёр чизҳоро омӯхт. Муаллими ҳар як фан умед дошт, ки Сайёра вориси муносиби ӯ аст. Аммо муҳаббат ба риёзӣ ӯро ба факултаи физика-математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд овард. Сайёра Мирсаидова соҳиби медали тилло буд, ки бо як имтиҳон номи дониш-ҷӯро гирифт. Аз математикҳои номдор Нарзулло Хайруллоев, Халил Шодиев, Аҳмадҷон Солеев, Сӯяршоев ва дигарон сабақ гирифт.

Сайёра соли 1993 соҳиби дипломи имтиёзнок шуд ва ба мактаби ҷонаҷони худ ба кор омад. Аз устодони кордону коршинос маслиҳат гирифта фаъолияти педагогии худро оғоз намуд. Маълум, ки бе навҷӯию эҷодкорӣ ва ҳам шикастани қолабҳои кӯҳнаи корбарии тарзи таълим ба комёбиҳои ҷиддӣ ноил гардидан маҳол аст. Сайёра дар фаъолияти таълиму тарбия пайраҳаи худро ёфт. Ҷустуҷӯйи усулҳои тозаву босамар ва канораҷӯӣ кардан аз якрангиҳои дилбазану камсамара меваи худро дод. Шогирдони ӯ дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи фахрӣ гардиданд. Таҷрибаи Сайёра Мирсаидова дар миқёси ноҳияву вилоят оммавӣ гардид. Омӯзгорони фанни математикаи мактабҳои дигар ноҳия ва вилоят дар дарсҳои ӯ иштирок намуда, таҷриба омӯхтанд.

Чанд сол аст, ки ба ҳайси ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия адои вазифа менамояд.

- Дар замони ҳозира ягон соҳаи ҳаётро бе математика тасаввур кардан мумкин нест, - мегӯяд Сайёра Асроровна, - агар дар гузашта "доираи таъсир"-и риёзӣ асосан фанҳои физика, механика, ситорашиносӣ (астрономия) кимё ҳисоб мешуда бошад, акнун усули амиқи математикӣ ба соҳаҳои дигари илм босуръат дохил мегардад. Хулоса, математикаи им-рӯза мушкилкушои тамоми соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавии мо мебошад. Аз ин ҷо ба гуфтаи олими машҳур К.Ф.Гаусс ҳарчанд "математика шоҳи илмҳост" ва гимнастикаи ақл аст, дар айни замон "хизматгор"-и илмҳо низ ҳаст. Ман ба шогирдонам ана ҳамин тарафи масъаларо мефаҳмонам.

Боиси ифтихор аст, ки шогирдони бешумори Сайёра Мирсаидова дар мактабу коллеҷҳо, литсей ва дигар соҳаҳо пурсамарона кор мекунанд. Фарзандони ӯ низ аз паси модар рафта соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Гулрухбону Насибаой ва Шоҳрухмирзо ворисони муносиби муаллима ҳастанд. Се нафар набераҳо - Сабрина, Ёсуман, Шоҳинабону низ фахру ифтихор ва хурсандии бобоҷону бибиҷон мебошанд.

Сайёра Асроровна ғайр аз омӯзгори пешқадам будан пазандаву дӯзандаи моҳир аст. Алалхусус, дар нону фатирпазӣ дар байни хешу пайвандон ва ҳамкасбон ном баровардааст. Дар маъракаҳои мактаб ба ӯ "фатир дорӣ - хотир дорӣ" гӯён атрофиён ҳазлу мутоиба мекунанд.

- Ғайр аз фатир, - завқ карда механдад ӯ, - дониш дорӣ - ҳурмат дорӣ. Зеро дониш чароғи ақл аст.

Баҳодури ЗОҲИР

Дар акс: Сайёра Мирсаидова дар ҳалқаи шогирдон


Дата добавления: 08/03/2017 10:15;   Просмотров: 1505
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку