Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАОРИФ - СОҲАИ ИСЛОҲПАЗИР

ё худ чанд масъалае, ки касро ба ташвиш меандозад

Ба фикрам, дар ҷамъият ягон соҳа ба мисли пешаи маорифпарварӣ ислоҳпазир нест. Таълими халқ, саводомӯзии насли наврас рӯз аз рӯз тараққӣ меёбад, зина ба зина боло меравад.
Дар ин замони соҳибистиқлоли мамлакатамон ғояву унсурҳои "Барномаи нави тайёрнамоии кадрҳо", "Ҳамкории мактабу маҳалла", "Хайр мактаб, салом коллеҷ!" ва ғайра амалӣ гардида, сохтори таълим аз усули кӯҳнаву шахшуда, ба фазои озод баромад. Биноҳои мактаб нав гардида, синфхонаҳо бо технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шуданд. Маоши муаллим афзуд. Агарчӣ касби омӯзгорӣ заҳмати зиёдро талаб мекунад, аз ҷониби ҳукумат шароитҳо муҳайё мегардад. Рӯз аз рӯз дари имкониятҳои нав кушода мешавад. Ҳамаи инро нодида гирифтан камоли ношукрист. Аз муаллими имрӯза танҳо навоварӣ, маҳорати касбӣ, тарбияи шогирдони баландихтисос, масъулиятшиносӣ ва меҳр нисбати мактабу маориф талаб карда мешаваду халос.
Ба қарибӣ, аз тариқи матбуот аз афкори баланди Президенти мӯҳтарами мамлакатамон Шавкат Мирзиёев дар хусуси таҳсили маҷбурии 11-сола огоҳ шуда, хурсанд гардидам.
Дуруст аст, ки сохтори таълими маҷбурии 12-сола ба насли наврас баробари такмил додани донишаш ҳунар меомӯзад, соҳиби ихтисос мегардонад. Бигзор коллеҷу литсей ва гимназияҳо ҳам бошанд. Падару модароне, ки фарзандонашонро минбаъд дар либоси духтурӣ, хизматчии давлатӣ, корманди соҳаи корҳои дохилӣ ё ходимони ҳуқуқу тартибот ва амният дидан мехоҳанд, бо ризоият ва хоҳиши дили наврасон ба ин муассисаҳои ҳунари касбомӯзӣ гузоранд.
Аммо ҷавононе, ки дар ҷодаи фанҳои адабу дақиқ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ, аз қабили таъриху забон ва адабиёт, фалсафаву мантиқ, алгебра, геометрия, математика ва ғайра шавқ доранд, бояд то синфи 11 дар мактаби миёнаи таҳсилоташ умумӣ хонанд. Истеъдоду эҷодкориашонро пурра гардонанд. Боз масъалаи таълим ба забони модарӣ ҳам ҳаст, ки баробари таҳсили пурра дар мактаби зодгоҳ ин муаммо низ ҳалли худро меёбад ва аз барқарории баробарҳуқуқии миллӣ дар Ӯзбекистони соҳибихтиёр далолат медиҳад.
Масъалаи дигар аз фаҳмиши нодурусти халқамон сар зада истодааст. Ин - ақди никоҳи гулдухтарони ноболиғ. Ба ақидаи баъзеҳо гӯё духтаре, ки дар коллеҷ мехонад, аллакай ба арӯс шудан муносиб аст. Гумон намекунанд, ки толибаи коллеҷ ҳанӯз донишҷӯ нест, балки дар саф ва синну соли мактабиён қарор дорад! Духтараки нозпарвари 16-17 соларо ба шавҳар додан аз нодонӣ дарак медиҳад, азизон!
Пулдорӣ, хориҷравӣ, мансабдорӣ, соҳиби ҷову ҷалоли базеб будани падару модари гулдухтарон ва соҳибҷамолии худи ӯ ба ақди никоҳи барвақт асос шуда наметавонад. Ҳолати физеологӣ дар тинати духтарак ҳанӯз шакл нагирифтааст. Бармаҳал ба шавҳар додани духтари соҳибистеъдод ба ҳисоб нагирифтани орзуву омоли ӯ, ба гуноҳи шикастани навниҳоли пурбору сарсабз, оташ задани шаҳри обод, ба вайрона табдил додани қасру кӯшки ҳазорсола баробар аст. Ҳуқуқи инсон помол мегардад. Вақте ки таълими маҷбурии 11-сола ҷорӣ шуд, худ аз худ муаммои никоҳи барвақтина ҳал мешавад. Охир, духтараки мактабравро кӣ ҳам тӯй мекунад?!
Хулоса, ман ин шакли таълимро пурра дастгирӣ мекунам. Маҳз дар ҳамин ҳолат асолати маориф, обрӯи муаллими навовар ва хонандаи фаъол нигоҳ дошта мешавад.

Насрулло УБАЙДУЛЛОЕВ, Аълочии таълими халқи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон,
Муаллими дараҷаи аввал, собиқадори маориф, соҳиби ҷоизаҳои давлатӣ, раиси нурониёни маҳаллаи Қӯлба


Последнее редактирование: 25/08/2017 18:27;   Просмотров: 1323
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку