Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

МАКОНИ ИМКОНИЯТҲО

Имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳо ислоҳот амалӣ мегардад. Аз ҷумла, мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар соҳаи таълим низ дигаргуниҳо рух дод. Бо мақсади таъмини таълими пайвастаи паиҳамии таълим Вазорати муассисаҳои таълими томактабӣ таъсис ёфт. Мақсад мустаҳкамнамоии таҳкурсии давлат ва таъмини ояндаи дурахшони мамлакат аст. Зеро дониши дар бачагӣ андӯхта нақшест дар санг. Аз ин рӯ, эътибор ба насли наврас, таълиму тарбияи он калон мебошад. Пас аз ҳамчун Вазорати ҷудогона фаъолият бурдани соҳа чӣ дигаргуниҳо ба амал омад. Дар ин бора мудири шӯъбаи таълими томактабии ноҳияи Самарқанд Дилфуза АЗИЗОВА чунин иброз дошт:

- Дар ноҳия 33 адад муассисаи таълими томактабӣ фаъолият дорад. Онҳо бар асоси Барномаи давлатии "Болажон" машғулот мегузаронанд. Пас аз ислоҳоти соҳа назорати муассисаҳои таълими томактабӣ пурзӯр гардид. Дар МТТ тартиби ягонаи хӯрокнома ҷорӣ гардид. Ҷараёни хӯрокпазиву ба бачаҳо пешкашнамоии таъомҳои ҳар як МТТ-ро ба воситаи интернет назорат мекунем. Хатову камбудӣ дар вақташ ислоҳ мегардад.
Инчунин, барои таъсисгарони МТТ-ҳои хусусӣ имкониятҳо фароҳам аст. Барои онҳо аз ҷониби бонк кредити даҳсолаи дорои имтиёзи сесола ҷудо карда мешавад. Ҳоло 11 нафар барои таъсиси МТТ-и хусусӣ муроҷиат намуданд. Мо ба онҳо ёрии услубӣ мерасонем. Алҳол 8-то боғчаи бачагонаи хусусӣ дар ҷараёни оғози фаъолият аст. Панҷ нафар кредити боимтиёз гирифта, корҳои сохтмонро оғоз намуданд.
Аксар дар хона имкони ташкили боғчаи хусусиро доранд. Мо шароити онҳоро омӯхта, барои ташкили кор маслиҳат медиҳем. Аз ҷумла, сокини маҳаллаи Арабхонаи Марказӣ Матлуба Каримова ва сокини маҳаллаи Оқмасҷид Акбар Азизов дар хонаашон боғчаи хусусӣ кушодаанд.
Пардохти моҳона ба боғчаҳои хусусӣ мувофиқи тартибу қоидаи муассис аст. Тафовути он аз МТТ-и давлатӣ низ дар пардохт мебошад.
Рӯзи шанбеи ҳар ҳафта рӯзи таҷрибаомӯзӣ ва ёрии услубӣ эътироф шудааст. Бо навбат якҷоя бо ходимони МТТ ба ҳар боғча рафта, тарзи корбариашонро меомӯзем, аз таҷрибаи пешқадами ходимон баҳраманд мешавем.
Хуллас, кӯдакистон макони имкониятҳо. Истеъдоди ҳар бача нахуст дар ин ҷо кашф гардида, сайқал меёбад. Хишти аввали бинои оянда маҳз дар МТТ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, ҳар бача ҳуқуқи хотирмон, пурмазмун ва бо ҳамсолони худ гузаронидани давраи беғуборашро дорад.

Мусоҳиб Дилрабо НАСИМӢ


Последнее редактирование: 18/05/2018 15:31;   Просмотров: 1098
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку