Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ЛАҲЗАИ ХОТИРМОН

МАКТАБАМ
Аз даргоҳи илму фан,
Азизтарин аст мактаб.
Дар мобайни биноҳо,
Зеботарин аст мактаб

Барои ман ягона,
Дар ин дунё дурдона.
Дар ҷаҳон як нишона,
Шодмонии ман, мактаб

Садоқат ЮСУФОВА

Субҳи 25-уми май. Саҳни мактаби таълими умумии рақами 28-и деҳаи Миронқул файзу шукӯҳи идона дошт. Дар чеҳраҳои устодон, волидон, хонандагону фаъолони маҳалла анвори шодмониву ифтихор, комрониву қаноатмандӣ нисбати рушду нумӯи ватан, хушиҳои рӯзгор падидор буд. Савти гуворои мусиқӣ руҳи пиру ҷавонро навозиш мекард.
Ниҳоят, ҷамъомади ботантана бахшида ба тадбири “Занги охирин” таҳти шиори “Хайр мактаб, салом коллеҷ!” оғоз ёфт. Директори мактаби номбурда Мурод Муҳиддинов ҳозиронро бо анҷоми бомуваффақияти соли хониш, фарорасии тобистони хуррам ва таътили бофароғати бачаҳо муборакбодӣ намуд. Мадҳияи давлатӣ садо дод. Намояндаи ҳокимият, муҳаррири рӯзномаи “Гулобод тонги” (“Субҳи Гулобод”) Нормурод Каримзода, раиси маҳалла Ҳамроқул Эргашев, ходими шӯъбаи корҳои дохилӣ Абдурасул Тошев пасу пеш ҳозиронро самимона табрик гуфта, ба хатмкунандагон, барои идомаи таҳсил дар коллеҷу литсейҳо саъю кӯшишҳои қатъӣ хостанд. Хонандагони фаъол Садоқат Юсуфова, Саида Маннонова, Самандар Эсанов, Фаровон Тӯйчиев ва дигаронро устодон низ фаромӯш нахоҳанд кард. Баромади бадеиву мусиқӣ ва қадршиносии шогирдон низ хотирмон буд. Устодонро бо гулу китоб тақдир намуданд, ки бо хониши аъло, хулқу атвори ҳамида, комёбиҳои беназир шӯҳрати диёру мактабамонро меафазоянд, орзуву ормони падарону модаронро амалӣ мегардонанд, ба қуллаҳои баланд муроду мақсадҳои наҷиб хоҳанд расид.
Рӯдворона зиндагонӣ кун,
Ҷӯш зан, ҷӯш зан, ҷавонӣ кун.
Дар тадбир гурӯҳи варзишгарони шинохтаи мактаб барои дастовардҳои муайян дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳурятӣ бо тӯҳфаҳои арзанда мукофотонида шуданд. Қайд бояд кард, ки таълимгоҳи мазкур соли оянда 90-солагии худро истиқбол мегирад. Дар тӯли солҳои гузашта ҳазорҳо шогирдон аз оғӯши меҳрбори он ба арсаи илму адаб, санъату ҳунар, роҳбариву тадбиркорӣ, саноату кишоварзӣ раҳсипор шуданд. Миронқул имрӯз ба маънои томи сухан яке аз маҳаллаҳои ободу хушҳавои ноҳия ба шумор рафта, ояндаи дурахшон дорад, бо қарори ҳукумат дар сафи объектҳои экотуризм ҷой гирифта, солҳои наздик ба сайргоҳи аҳли олам табдил хоҳад ёфт.

Н.МЕҲРАНГЕЗ


Дата добавления: 02/06/2017 13:32;   Просмотров: 1334
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку