Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КИТОБ ХОНАИ ОЛАМ АСТ

Дар мактаби таълими умумии рақами 21 бо ҳамкории маҳаллаи Оқмасчид, мактаб,оила ва равшанфикрон тадбир баргузор гардид.

Тадбирро директори мактаб Ирода Норбоева кушода, дар бораи аҳамияти китоб ва ҳамкории муассисаи талимӣ, маҳалла ва оила изҳори ақида намуд. Ҷонишини раиси Бунёди хайриявии “Маҳалла” доир ба корҳои диниву маърифатӣ Соҷида Насриева, профессорон Аслиддин Қамарзода, Садрӣ Саъдиев, сарпарасти Маркази “Олами китоби Самарқанд”, директори Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Истиқбол-пресс” Акбар Маҳмудов оиди бузургии китоб сухан карда, ба китобхонаи мактаб китобҳои тозанашр тақдим намуданд.
Хонандагони синфи 8-уми “А”-и мактаб бо роҳбарии муаллима Саноат Раҳматова тақдимоти китобҳои Шоираи халқии Ӯзбекистон Зулфияро гузарониданд.
Баромади толибилмони мактаб Дилноза Ҷаъфарова, Фархунда Ботурова, Шаҳло Муродова, Сарвиноз Обидова ва дигарон басо хотирмон буд.
Дар тадбир нақши аҳли маҳаллаи Оқмасҷид бараъло дида мешуд. Барои рӯи саҳна овардани баромади бонувону ҷавонмардон, сӯи китоб ва китобхонӣ ҷалб намудани оқмасҷидиён раиси маҳалла Илҳом Мирзоев, маслиҳатчӣ доир ба масъалаҳои динӣ, маърифатӣ ва тарбиявӣ Фирӯза Султонова хизмати босазо намудаанд.

Дилрабо НАСИМӢ
Аксбардор Б. ҚОДИРОВ


Дата добавления: 02/06/2017 13:35;   Просмотров: 1382
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку