Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КИТОБ ХАЗИНАИ БЕБАҲОСТ

Падарам, ки шахси бофарҳанг ва маърифат- дӯстанд, дар хона китобҳои зиёде доранд. Он кас ҳар боре, ки ба Тошканд, Самарқанд ва ё Қаршӣ раванд, албатта чанд китоби нав, газета ва журналҳо гирифта меоранд. Баъд онҳоро бо диққат хонда мебароянду ба мо ҳам хондани онҳоро тавсия мекунанд. Бародаронам, ки яке дар Самарқанд, дигаре дар Душанбе таҳсил намуда, соҳиби маълумоти олӣ шудаанд, низ бисёр китоб мехонанд ва ба ман дар иду зодрӯзҳо китоб тӯҳфа мекунанд.

Ҳамаи ин меҳри маро нисбат ба китоб афзун намудааст.
Вақте ки дар мактаби таълими ҳамагонӣ мехондам, омӯзгоронам меҳри маро нисбат ба китоб боз ҳам афзунтар гардониданд.
Ҳангоми таътили мактабӣ низ ба падару модарам ба корҳои хона ёрӣ дода, фориғ аз он бештар китоб мехондам.
Падарам ба қарибӣ ба шаҳри Самарқанд рафта, хабар оварданд, ки дар он ҷо Маркази савдои “Олами китоб” кушода шудааст. Он кас барои мо аз ин мағоза чанд китоб ва газетаҳои “Овози Самарқанд”, “Ховар”, “Гулобод тонги”, “Даракчи” оварданд. Дар байни ин китобҳои “Таронаҳои Самарқанд”, “Куллиёти Ҳофизи Шерозӣ”, “Рӯзгори мозӣ”, “Шукрона” ва ғайра ҳастанд. Ман ин китобҳоро бо шавқи хоса мехонам. Дар газетаи “Овози Самарқанд” Фармони Президентро дар бораи китоб ва нашру тарғиботи он хондам. Хурсанд шудам, ки сарвари кишварамон ба китобу китобхонӣ ин қадар эътибор медиҳанд.
Ман орзу мекунам, ки дар мактаби олӣ таҳсил намуда, омӯзгор шавам ва бачаҳоро ба китобхонӣ ҷалб намоям. Илоҷаш бошад, дар деҳаи дурдасти кӯҳистонам растаи китобфурӯшӣ ташкил намуда, китобҳои беҳтаринро ба хонандагон расонам. Зеро бе китоб маърифат ва маданияти мардумро боло бардошта намешавад.
Хонадонҳо ободу ҷевонҳо пури китоб бошанд. Ҳама китобхон шаванд. Кишварамон ободу маънавияти мардумамон бой мегардад. Зеро китоб хазинаи бебаҳост!

Макнуна САФАРОВА,
сокини деҳаи Ғелони ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё


Дата добавления: 28/07/2017 15:59;   Просмотров: 1432
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку