Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

КИТОБ – БА ҶОИ ГУЛ

Ҳар рӯз баъди дарс андаке ба корҳои хоҷагии падару модарам ёрӣ мерасонам. Сипас, китоб мехонам. Дар хонаи мо китобҳои гуногун бисёр аст.

Ман дар вақтҳои охир китобҳои “Гулистон”, “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, “Чароғи ақл”-и Ӯткур Азимов, “Дафтар ҳошиясида ёзилган битиклар”-и Ӯткур Ҳошимов, боз китобҳои “Афсонаҳои Самарқанд”, “Таронаҳои Самарқанд”, китоби “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматов, “Оби Раҳмат”-и Нормурод Каримзодаро хондам. Ин китобҳо дониши маро зиёд кард. Махсусан китоби “Чароғи ақл”-и Ӯткур Азимов бачаҳоро ба илму ҳунаромӯзӣ даъват мекунад. Қаҳрамони китоб Қодир ба ҷойи савдогар шудан ба пули падарашдода хату савод, шоҳмот ва мусиқанавозиро ёд мегирад. Баъд ин ҳунарҳоро ба кор андохта, сарватманд мешавад. Подшоҳ шуда, ба духтари соҳибҷамол хонадор мегардад. Падару модарашро ҳам хушбахт мекунад. Ман аз китоб боз бисёр чизҳоро хонда омӯхтам.
Аҳли хонадони мо ба газетаҳои “Овози Самар-қанд”, “Оила ва жамият”, “Гулобод тонги”, жур- налҳои “Ҳидоят”, “Шифо”, “Адолат кӯзгуси” обуна шудаанд ва ман доимо ин газета ва журналҳоро мехонам. Аммо аксар бачаҳо имрӯз кам китоб мехонанд. Бисёрии онҳо дар компутеру телефон ҳар гуна бозию киноҳоро дида, вақт мегузаронанд. Баъзе муаллимон ва падару модарон ҳам ба китоб хондану дар тайёр кардани бачаҳо аҳамият намедиҳанд.
Бачаҳо, ҳамсолони азизи ман! Бисёртар китоб хонед. Китобхонӣ ба бачаҳо фоидаи калон дорад. Дар оянда барои дар мактаб-ҳои олӣ хонда, одамони бузург шуданатон китобҳои хонандагон ёрӣ мерасонад.
Боз гуфтанӣ ҳастам, ки ба рӯзҳои таваллуд, Соли Нав, Наврӯз барин ҷашнҳо ба якдигар ба ҷойи гул китоб тӯҳфа кунед. Гул дар як-ду рӯз пажмурда мешавад. Китоб як умр ба дӯстон хизмат мекунад ва ҳар бори онро ба даст гирифтан шуморо ба ёд меорад.

Нуриддин АСЛИДДИНОВ,
хонандаи синфи 8 “б”-и мактаби рақами 21-и ноҳия


Дата добавления: 12/05/2017 12:21;   Просмотров: 1378
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку