Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ИБНИ СИНО-АДИБи соҲирҚалам

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик шайхурраис Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиҳанд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомези шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рухнамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:

Эй кош, бидидаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!

Ҳар ҳайату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад маҳзун.
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр

Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.

Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.

Ҳақ-ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла-бадан,
Аҷноси малоика – хавоси ин тан.
Аҷром – аносиру маволид – аъзо,
Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама –фан.

Бо ҳар касе зи рӯи ҳаво дӯстӣ мадор,
Дар кӯи мардумон зи паи дӯстӣ мапӯй.
Гар боядат, ки кам нашавад обрӯи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон маҷӯй,

Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос.
Касро ба камолу кунҷи зотат аҳд нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту қиёс.

Куфри чу мане газофу осон набувад,
Маҳкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир,
Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад


Дата добавления: 28/07/2017 16:05;   Просмотров: 1377
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку