Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
Субҳи Гулобод Халқ депутатлари Самарқанд туман Кенгаши ва туман ҳокимлиги газетаси
www.gulobodtongi.uz

 
 

ГАВҲАРИ БЕБАҲО

Инсон ба воситаи забони хеш мобайни миллатҳои дигар қадр меёбад. «Забони модарӣ» - барои чӣ мо ин истилоҳро кор мефармоем? Чунки, мо забонро аз модар, аз аллаву суханони сеҳрангези модар омӯхтаем. Ҳар кас, ки забони миллати хешро фаромӯш мекунад, ин ба монанди он, ки модари хешро фаромӯш кардааст. Хиёнат ба забон хиёнат ба модари мушфиқест, ки шабҳо баҳри мо мижа таҳ намекунад, баҳри мо тамоми ҳастиашро мебахшад. Нависандаи бузург Расул Ғамзатов дар китоби «Доғистони ман» воқеаеро, ки дар зодгоҳаш ба вуҷуд меояд, рӯи қоғаз овардааст.

Дар китоби хеш ӯ баҳри рассоме, ки миллаташ авар асту бо духтари итолёӣ аҳди никоҳ бастаасту забони модариашро фаромӯш кардааст, лекин ба хотири сарзамине, ки кайҳо боз надидаасту аз ӯ дур азият мекашад, расмҳои бисёр, суратҳои ҷолиби диққат меофарид. Муаллиф дар он китоб модареро, ки сараввал хушбахту саодатманд буду пас аз чанде, аз шунидани фаромӯш кардани забони модарии фарзандаш ба рӯй рӯймоли сиёҳ кашиданаш ва чӣ қадар, ки ба ӯ душвор буд, писари хешро мурдааст гуфтанаш хеле таъсирбахш аст.
Забони мо, яъне забони тоҷикӣ аз ҷумлаи он забонҳоест, ки дар давоми асрҳо арзиши хешро гум намекунад. Мо бояд фахрем, ки бо чунин забон сухан меронем. Дар диёри мо барои омӯхтани забонҳои ҷаҳон шароит муҳайё гардидааст. Хусусан, таълим гирифтан аз забони дилхоҳ низ дар Конститутсияи Давлатӣ акс ёфтааст. Охир, ояндаи Ватан ин ояндаи миллат, ояндаи миллат бошад насли наврас, яъне моем. агар ҳар як тоҷикзабон фарзандашро ба синфи забони дигар монад, ояндаи миллати мо чӣ мешавад? Насли наврас бо забони дигар бо падару модарашон сухан меронанд. Падару модараш тоҷик, вале фарзанд вакили забони дигар. Ин суханон маънои инро надорад, ки дигар забонҳоро наомӯзему ҳурмат накунем. Чуноне, ки мегӯянд:
«Ҳар кас, ки ба забони худ сухандон гардад. Донистани сад забон осон гардад». Инсон аввал хешро бояд шиносад ва пас атрофиёнашро мешиносад. Ҳар кас, ки қадри забони модарии хешро намедонанд, рӯзе сарсон мешавад. Монанди зоғе, ки ба булбул тақлид карду охиру охирон на хониши булбулро омӯхту на забони хешро. Дар мобайн аз забони хеш ҷудо шуд. Баъзеи мардум чунин мешуморанд, ки гӯё забони тоҷикӣ дар Ӯзбекистон раҳ намеравад. Албатта, ин фикрҳо хатост. Агар кас забони модариашро гум карда бошад, аз таърих, аз гузаштагони хеш низ маҳрум мешавад.
Хуллас, забон барои инсоният баҳри суханварӣ, баёни фикри хеш аҳамияти калон дорад. Онҳоеро, ки забони хешро гум кардаанд, «Забонгумкарда» - ҳам гуфтан мумкин аст. Чунки онҳо забони дигарро аз забони модарии худ волотар гузоштаанд.

Фарзона ҲАМИДОВА


Последнее редактирование: 09/03/2018 15:35;   Просмотров: 1313
 
Для чтения текста нажмите эту кнопку